Дар пайи ихтисори 30 дарсади воҳиди кории Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) ҳудуди 400 корманди ин ниҳод аз вазифа озод карда мешаванд. Вале онҳо дар дигар идораҳои ВКД корашонро идома хоҳанд дод. Дар ин бора Рамазона Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ӯ гуфт, ҳадафи ихтисори воҳидҳои корӣ, “ба танзим даровардани тартибу амният дар роҳ ва баланд шудани маърифати мардум аст”.
“Чандин маротиба аст, ки воҳидҳои кории ин сохтор кам карда мешавад. Имсол 30 дарсади кормандони ин ниҳод кам мешавад. Яъне воҳидҳои корӣ ихтисор мешавад. Вале кормандони озодшуда вобаста ба сатҳу донишу малакаашон ба дигар вазифаҳо таъин мешаванд. Онҳо аз мақомот пурра пеш карда намешаванд”, – шарҳ дод Рамазон Раҳимзода
Вазир гуфт, ҳоло ихтисори кормандони БДА оғоз нашудааст ва танҳо баъди қарори дахлдори ҳукумат, шурӯъ хоҳад шуд.
“Аллакай фармони роҳбари давлат баромад. Тартиби иҷро кардани фармон муайян мешавад ва ин раванд давом дорад”,- гуфт вазири корҳои дохилӣ.
Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи интиқоди фаъолияти кормандони БДА фармонеро ба имзо расонид, ки тибқи он 30 дарсади кормандони БДА ихтисор карда мешаванд.
Дар фармон зикр мегардад, ки он бо мақсади “таъмини самаранокии фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст.
Дар ҳамин ҳол, аксари сокинони кишвар кам кардани теъдоди кормандони БДА-ро истиқбол карданд ва гуфтанд, он ба фоидаи кор аст. Ба ақидаи онҳо, ин ҳам ба кам шудани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат мекунад ва ҳам имкон медиҳад, ки маоши дигар кормандони ин сохтор бештар шавад.


