Бори аввал дар 5 сол. Дар Суғд пошхӯрии оилаҳо 559 ҳолат кам шудааст

Давоми соли 2023 дар вилояти Суғд 22 ҳазору 443 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, 3 ҳазору 743 ақди никоҳ бекор гардидааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 559 ҳолат кам аст. Дар ин бора Хуршеда Хоҷазода, сардори Раёсати кор об занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. “Бори аввал дар […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Давоми соли 2023 дар вилояти Суғд 22 ҳазору 443 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, 3 ҳазору 743 ақди никоҳ бекор гардидааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 559 ҳолат кам аст.

Дар ин бора Хуршеда Хоҷазода, сардори Раёсати кор об занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

“Бори аввал дар панҷ сол, то ба ин ҳад коҳишёбии пошхӯрии оилаҳо мушоҳида мешавад”, – гуфт Хуршеда Хоҷазода.

Омили аслии коҳишёбии пошхӯрии оилаҳоро Хуршеда Хоҷазода ба баланд шудани маърифати оиладории ҷомеа ва ҳамчунин, тақвияти робитаи аҳолӣ бо мақомот шарҳ дод.

Бояд гуфт, ки соли 2022 дар вилояти Суғд 22 ҳазору 443 ақди никоҳ сабт шуда, 4 ҳазору 302 оила аз ҳам пош хӯрдааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.