Блогери тоҷик Абдурозиқ дар Британия тарабхонаи худро кушод

Блогери маъруфи тоҷик Абддурозиқ дар шаҳри Лидси Британияи Кабир тарабхонаи худро бо номи «Habbibi» боз кард. Дар саҳифаи расмии ӯ дар Instagram суратҳо аз маросими ифтитоҳи тарабхона, ҳамчунин аксҳои якҷоя бо афроди аз ин муассиса боздидкарда нашр шуданд. Бисёре аз шахсони маъруфу шинохта аллакай аз «Habbibi» боздид намуда, ба шоу-барномаи гуногуни он баҳои баланд доданд. […]

Милана Ена, Asia-Plus

Блогери маъруфи тоҷик Абддурозиқ дар шаҳри Лидси Британияи Кабир тарабхонаи худро бо номи «Habbibi» боз кард.

Дар саҳифаи расмии ӯ дар Instagram суратҳо аз маросими ифтитоҳи тарабхона, ҳамчунин аксҳои якҷоя бо афроди аз ин муассиса боздидкарда нашр шуданд.

Бисёре аз шахсони маъруфу шинохта аллакай аз «Habbibi» боздид намуда, ба шоу-барномаи гуногуни он баҳои баланд доданд.

Ёдрас мекунем, ки Абдурозиқ намояндаи аввалини Тоҷикистон аст, ки ба дарёфти раводид (виза)-и дарозмуҳлат дар Амороти Муттаҳидаи Араб шарафёб гардид.

Тайи чанд соли ахир ӯ натанҳо дар ватани худ, балки берун аз ҳудуди он низ маъруфият пайдо кард.

Блогери тоҷик натанҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруфу писандида аст, балки дар лоиҳаҳои бузург ҳамроҳи ситораҳои ҷаҳон иштирок мекунад.

Блогер дар Ҳиндустон мухлисони зиёд дорад. Пас аз нашри видео, ки дар он ӯ бо забони ҳиндӣ таронаи Enna Sonaро аз фильми «Окей, Ҷану»-и Болливуд иҷро мекунад, миёни сокинони ин кишвар маъруф шуд. Дар ду соати аввал ин наворро зиёда аз 60 ҳазор нафар тамошо карданд. Ҳатто писари муаллифи тарона истеъдоди сарояндаи тоҷикро зикр кард.

Соли 2022 ба Абдурозиқ пешниҳод шуд, ки дар филми «Kabhi Eid Kabhi Diwali» нақши эпизодӣ (лаҳзавӣ)-ро иҷро кунад. Он то ҳол сеюмин филми ҳиндии сердаромад мебошад. Дар филм Салмон Хон низ нақш бозидааст.

Ғайр аз ин, ӯро даъват карданд, ки дар шоуи ҳиндии «Bigg Boss» иштирок кунад. Дар 22-юмин маросими тақдими ҷоизаҳои IIFA дар Абу-Даби Абдурозиқ суруди «Ek Ladki Ko Dekha Toh Aisa Laga»-ро иҷро кард.

Истеъдоди ӯро пештар мусиқачиёну сарояндагони маъруфи Русия низ зикр карда буданд.

Соли 2021 Абдурозиқ дар наворбардории намоҳанг (клип)-и мусиқии рэпсарои машҳури Русия Моргенштерн иштирок кард. Видеои суруди “Домой” дар YouTube нашр шуда, 27 млн нафар онро тамошо карданд. Наворҳои ӯро дар шабака корбарон тез-тез бознашр мекунанд.

Пас аз муноқиша бо блогери маъруфи русиягӣ Хасбулло Магомедов (Хасбик) сафи мухлисони ӯ боз ҳам зиёдтар шуд.

Аксарият рақобати онҳоро интизорӣ доштанд. Нашри мусоҳибаи якҷояи онҳо ҳам сарусадои зиёд ба бор овард, наворро шумори хеле зиёди корбарон тамошо карданд.

Абдурозиқ истеъдоду эҷодиёти худро доимо сайқал медиҳад. Ба туфайли талошҳояш моҳи марти соли 2023 сароянда ба Тугмаи тиллоии YouTube соҳиб шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио