Арабистони Саудӣ муҷозотро барои иштироки ғайриқонунӣ дар Ҳаҷ-2024 сахттар мекунад

Date:

Мақомоти Арабистони Саудӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва сокинони кишварро дар бораи муҷозоти имконпазир барои иштироки ғайриқонунӣ дар мавсими Ҳаҷ-2024 огоҳ карданд. Дар ин бора дар изҳороти Вазорати ҳаҷ ва умраи ин кишвар сухан меравад.

Дар изҳорот гуфта мешавад, шахсоне, ки барои маросими адои ҳаҷ иҷоза надоранд, метавонанд ба муҳлати аз 2 то 6 моҳ ҳукми зиндон гиранд ва то 50 ҳазор риёл (зиёда аз 13,3 ҳазор доллар) ҷарима шаванд.

“Шаҳрвандони хориҷие, ки дар робита ба ин амал боздошт мешаванд, мавриди ихроҷ қарор гирифта, вурудашон ба кишвар ба муҳлати 10 сол манъ карда мешавад”, – омадааст дар изҳорот.

Ғайр аз ин, зойирин аз муҷозоти эҳтимолӣ барои иштирок дар “кумаки ғайриқонунии молиявӣ”огоҳ карда мешаванд. Барои ин то 7 сол ҳукми зиндон ва ҷарима то 5 млн риёли саудӣ пешбинӣ шудааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки имсол барои адои маросими ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор квота ҷудо шудааст.

Арзиши сафари ҳаҷ ҳоло маълум нест, лекин қаблан он барои 1 нафар 59 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Оғози сафари ҳаҷ рӯзи 14 июн таъин шудааст.

Тавре ки аз Кумитаи дини ҷумҳурӣ хабар доданд, маблағи сафари ҳаҷ пас аз расидани рӯйхати хоҳишмандони адои ин маросим аз шаҳру навоҳӣ муайян карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...