Қисме аз Тоҷикистон бе барқ монд. Мақомот шарҳ намедиҳанд

Date:

Имрӯз, 1 март, тахминан соати 11:10 дар қисми бештари Тоҷикистон якбора барқ қатъ шуд.

Сокинони пойтахт аввалин шуда аз қатъи барқ хабар доданд. Ба ҷуз аз бебарқӣ, сокинони шаҳр аз қатъи интиқоли гармидиҳӣ ва оби ошомиданӣ ва набуди иртиботу интернет дар бархе аз ширкатҳои мобилӣ шикоят доранд.

Қариб дар як вақт бо пойтахт дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар интиқоли барқ қатъ шуд. Хонандагони “Азия-Плюс” аз қатъи нерӯи барқ ​​дар Хуҷанд ва бархе аз навоҳии вилояти Суғд хабар медиҳанд.

Дар аксари манотиқи кишвар феълан сокинон нерӯи барқ ​​надоранд, аммо эҳтимол ин ба далели маҳдудияти қаблан ҷоришудаи барқ ​​бошад.

То ҷое медонем, дар миёни шаҳрҳои бузург ва марказҳои вилоятӣ нерӯи барқ ​​танҳо дар шаҳри Бохтар мавҷуд аст. ВМКБ аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқии маҳаллӣ бо қувваи барқ таъмин аст.

Хабаргузории "Азия-Плюс" то замони нашри ин хабар натавонист бо ниҳодҳои масъул, аз ҷумла "Барқи тоҷик", шабакаҳои барқи пойтахт ва шаҳрдорӣ дар тамос шавад, то сабаби қатъи барқро маълум намояд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи як манбаъи «Азия-Плюс» аз Нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, сабаби қатъи сартосарии барқ садама дар ин нерӯгоҳ аст. Дар ҳоли ҳозир мо натавонистем ин хабарро расман ё аз манобеи дигар таъйид кунем.

Хабар такмил мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...