Эҳтимоли оташбаси 6 ҳафтаина дар Ғазза. Нишасти Қоҳира ба бунбаст рафт

Дар пайи мухолифати Ҳамос ба дархости Исроил барои ироаи рӯйхати пурраи гаравгонҳо, ин давлати яҳудӣ нишасти Қоҳира дар мавриди оташбаси Ғаззаро таҳрим кард. Ин нишаст мебоист рӯзи якшанбеи 3-юми март баргузор мешуд. Аммо як манбаи огоҳ аз Ҳамос, ки аз ифшои номи худ худдорӣ кардааст, ба хабаргузории Reuters гуфта, ки нишаст дар Қоҳира ба бунбаст […]

Таҳияи Алимшоҳ Меҳрзода

Дар пайи мухолифати Ҳамос ба дархости Исроил барои ироаи рӯйхати пурраи гаравгонҳо, ин давлати яҳудӣ нишасти Қоҳира дар мавриди оташбаси Ғаззаро таҳрим кард.

Ин нишаст мебоист рӯзи якшанбеи 3-юми март баргузор мешуд.

Аммо як манбаи огоҳ аз Ҳамос, ки аз ифшои номи худ худдорӣ кардааст, ба хабаргузории Reuters гуфта, ки нишаст дар Қоҳира ба бунбаст афтодааст.

Ӯ афзудааст, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба ҳеҷ гуна музокира, ки боиси хуруҷи комили артиши ин кишвар аз навори Ғазза, бозгашти оворагон, бозсозӣ, бозкушоии гузаргоҳҳо ва лағви муҳосира шавад, розӣ нест.

Ҳарчанд Вошингтон ба созиши оташбас дар Ғазза то оғози моҳи Рамазон хушбин аст, аммо Исроил ва Ҳамос дар бораи пешрафт дар ин созиш ҷузъиёт надодаанд.

Як манбаи фаластинӣ, ки дар ин гузориш номаш бурда нашудааст, гуфтааст, ки ду тараф то ҳол ба марҳилаи ниҳоии созиш нарасидаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 2-юми март як мақоми баландпояи ҳукумати Амрико таъйид кард, ки Исроил шартҳои созиши нави оташбаси шашҳафтаина дар Ғаззаро пазируфт ва мунтазири посухи Ҳамос аст.

Шабакаи телевизионии CNN шаби шанбеи 2-юми март бо такя ба ин мақоми амрикоӣ хабар дод, ки агар Ҳамос ба шартҳои ин тавофуқ ва раҳоии гаравгонҳо мувофиқат кунад, дар Ғазза оташбаси шашҳафтаина ҷорӣ хоҳад шуд.

Ин мақоми расмӣ, ки дар ин гузориш номаш зикр нашудааст, афзудааст, ки "агар ин оташбаси шашҳафтаина муқаррар шавад, дар марҳалаи дуввуми ин пешниҳод талошҳо барои дастёбӣ ба оташбаси тӯлонӣ сурат хоҳад гирифт."

Дар ҳамин ҳол, дар ҳоли ҳозир бисёре аз манотиқи Ғазза шоҳиди ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии артиши Исроил ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки даргирӣ дар Ховари Миёна 7-уми октябр, дар пайи ҳамлаи гуруҳи Ҳамос ба Исроил, ки бар асари он 1200 исроилӣ куштаву беш аз 200 нафар асир гирифта шуданд, оғоз гардид.

Баъди ин Исроил ба навори Ғазза ҳуҷум кард ва то имрӯз беш аз 30 ҳазор фаластиниро, ки аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд, кушт. Ҳамчунин, ҳудуди 70 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.