Фонди рушди Абу Дабиро ба иштирок дар сохтмони неругоҳи “Роғун” даъват карданд

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода аз директори генералии Фонди рушди Абу Дабӣ Муҳаммад Сайф Ал Сувайдӣ даъват кард, ки фонди мазкур дар маблағгузорӣ ба лоиҳаи сохитмони Неругоҳи барқи обии “Роғун”, инчунин неругоҳҳои офтобию бодӣ  дар ҷумҳурӣ иштирок кунад. Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин пешниҳод аз ҷониби […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода аз директори генералии Фонди рушди Абу Дабӣ Муҳаммад Сайф Ал Сувайдӣ даъват кард, ки фонди мазкур дар маблағгузорӣ ба лоиҳаи сохитмони Неругоҳи барқи обии “Роғун”, инчунин неругоҳҳои офтобию бодӣ  дар ҷумҳурӣ иштирок кунад.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин пешниҳод аз ҷониби ниҳоди молиявии мазкур “хуш пазируфта шуд”.

Гуфта мешавад, ин вохӯрӣ рӯзи 28 феврал дар Абу Дабӣ дар доираи Конфронси 13-уми вазирони кишварҳои аъзои Созмони ҷаҳонии тиҷорат баргузор шуд.

“Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баён намуданд”, – зикр мешавад дар хабар.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, Фонди рушди Абу Дабӣ ба сифати сармоягузори имконпазири лоиҳаи неругоҳи “Роғун” баррасӣ мешавад.

Қаблан дар Вазорат ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки дар қатори дигар ниҳодҳо оид ба рушд, бо ин Фонд низ ҷиҳати ҷалби маблағ барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” гуфтушунидҳои ҷараён доранд.

Дар назар аст, ки соли равон барои маблағгузорӣ ба лоиҳаи неругоҳи “Роғун” 5 млрд сомонӣ (456 млн доллар) равона мегардад: аз ҷумла 2,2 млрд сомонӣ аз ҳисоби ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва маблағи боқимонда – аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ.

Тибқи маълуомти Вазорати энергетика, барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” ҳамасола 1 млрд доллар ва амалисозии пурраи лоиҳа – 6,2 млрд доллар маблағгузорӣ лозим аст.

Бино ба маълумоти расмӣ, пас аз барқраор шудани корҳои амалисозии лоиҳа дар соли 2008, ба корҳои идомаи сохтмони ин иншоот зиёда аз 40 млрд сомонӣ равона гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.