Дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон Ӯзбекистон зинаи 5-умро ишғол мекунад

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 12 март ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад. Гуфта мешавад, мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шакли маҳдуд оғоз гардида, дар ҳайати васеъ идома ёфт. Сарвазири Тоҷикистон дар доираи сиёсати созандаву дӯстонаи роҳбарони давлатҳо таҳкими робитаҳоро […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 12 март ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шакли маҳдуд оғоз гардида, дар ҳайати васеъ идома ёфт.

Сарвазири Тоҷикистон дар доираи сиёсати созандаву дӯстонаи роҳбарони давлатҳо таҳкими робитаҳоро дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба манфиати ҳарду ҷониб арзёбӣ намуд.

Зикр шуд, ки соли 2023 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиёда аз 500 млн доллари амрикоиро ташкил дод. Дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон Ӯзбекистон зинаи 5-умро ишғол мекунад.

Ҷониби Тоҷикистон изҳор дошт, ки омода аст бо корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон дар тарҳрезӣ ва бунёди паркҳои бузурги саноатӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.

Таъкид шуд, ки бахшҳои марбута бояд роҳҳои рушди ҳамкориҳоро таҳия кунанд.

Аз ҷумла, дар саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, истеҳсоли муштараки мошину таҷҳизоти кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ, саноати истихроҷи маъдан ва металлургия, истеҳсоли таҷҳизоти энергияи барқароршаванда, дорусозӣ, масолеҳи сохтмонӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва электроника имконияти бузурги истифоданашуда вуҷуд доранд.

Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки барои ба даст овардани тавофуқҳои мушаххас барои амалӣ сохтани ин имконот бояд талошҳои муштарак ба харҷ дода шавад.

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов зикр кард, ки Тоҷикистон ҳамсояи наздик, дӯсти содиқ, шарики боэътимоди стратегӣ ва иттифоқчии Ӯзбекистон мебошад.

«Боиси хушнудист, ки дар солҳои охир ҳаҷми муомилоти моли мутақобила афзуд. Мебояд ба фаъолияти Фонди сармоягузории Ӯзбекистону Тоҷикистон тақвият бахшид. Барои ин мо пешниҳод менамоем, ки барои ҳамоҳангсозии корҳо дар ин самт миёни вазоратхонаҳоямон муколамаи мунтазам ташкил карда шавад”, – илова намуд Орипов.

Дар фарҷоми ҷаласа протоколи дахлдори комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расонида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.