Аз 3 сол то ҳукми абад. Додситонӣ ба гумонбарони қатли Шуҳрат Исматуллоев ҳукми зиндон талаб кардааст

Айбдоркунандаи давлатӣ ё додситон барои 4 гумонбари қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини пешини раиси “Ориёнбонк” ҳукми абад ва барои 10 муттаҳами дигар аз 3 то 14 соли зиндон хостаст. Радиои Озодӣ бо такя ба ду манбаъаш менависад, ки ҳабси якумрӣ барои Дилшод Саидмуродов ва соҳибкор Қамарруззамон Азизов талаб шудааст. Ба гуфтаи манбаъи расона, “гумонбарон танҳо ба […]

Айбдоркунандаи давлатӣ ё додситон барои 4 гумонбари қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини пешини раиси “Ориёнбонк” ҳукми абад ва барои 10 муттаҳами дигар аз 3 то 14 соли зиндон хостаст.

Радиои Озодӣ бо такя ба ду манбаъаш менависад, ки ҳабси якумрӣ барои Дилшод Саидмуродов ва соҳибкор Қамарруззамон Азизов талаб шудааст.

Ба гуфтаи манбаъи расона, “гумонбарон танҳо ба куштани Шуҳрат Исматуллоев муттаҳам нестанд, ба зидди баъзе аз онҳо барои хабар надодан ё пинҳон доштани ҷиноят парванда боз кардаанд ва барои ҳамин ҷазояшон камтар аст”.

Баъди талаби айбдоркунандаи давлатӣ, “додрас ба хонаи машваратӣ рафт ва рӯзҳои наздик ҳукми додгоҳ нисбат ба 14 нафар содир мешавад”.

Аз Маркази матбуоти Додгоҳи Олӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар бораи талаби додситонӣ хабар надоранд ва “мурофиаи гумонбарони парвандаи қатли Шуҳрат Исматуллоев идома дорад”.

Ин парвандаро Додситонии кулли Тоҷикистон боз карда, тафтишот бурда ва ба Додгоҳи олӣ равон кардааст. Аммо аз маркази матбуотии ин ниҳод дар ин робита ба “Азия-Плюс” маълумоти мушаххаас надоданд ва ба зангҳои паёпаи мо аз Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ посух дода надоданд.

Назари гумонбарон ва пайвандони онҳо ҳам дастрас нест.

Гуфтан зарур аст, ки муҳокимаи гумонбарони қатли Шуҳрат Исматуллоев аввали моҳи январи имсол аз тарафи додраси Додгоҳи олӣ оғоз шуд. Мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатӣ мегузарад ва барои ҳамин гирифтани иттилоъ дар бораи он чӣ дар дохил мегузарад, мушкил аст.

Юсуф Раҳмон, додситони кулл, моҳи феврали имсол ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфт, дар робита ба рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев ба зидди 18 нафар парванда кушодаанд. Аз инҳо 14 нафар дар курсии айбдорӣ нишастаанд, ду нафарашон дар кофтукоб қарор доранд ва ду гумонбари дигар фавтидаанд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам зимни нишасти матбуотӣ расман ҷузъиёти рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоевро ба рӯзноманигорон ироа кард ва гуфт, бонкдори тоҷик ба сохтмони бинои баландошёна бо Қамаруззамон Азизов, яке аз шарикони тиҷоратии ӯ рабт дорад.

Ӯ гуфт, баъди дар ҳолати ногувори молиявӣ қарор гирифтан, Азизов ба Дилшод Саидмурод (Дилшоди СБ) маълумот медиҳад, ки “гӯё Исматулооев ба арзиши зиёда аз 2 миллиард доллар криптовалюта дорад”.

“Қамаруззамон Азизов ва Дилшод Саидмурод гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ созмон дода, ба тарзу усули кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амал карда, нақша кашидаанд, ки Исматуллоевро рабуда, бо истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷа маблағҳояшро тасарруф карда, ӯро ба қатл мерасонанд. Барои амалӣ кардани ин ҷоният Қамаруззамон Азизов ба Дилшод Саидмурод 1 миллиону 500 ҳазор доллар ваъда медиҳад”, – гуфт Шоҳиён.

Дар бораи ҷузъиёти бештари ин парванда аз мақолаи “Сирри махфӣ нест”. Аз “А” то “Я”-и қазияи рабудан ва қатли бонкдори тоҷик Шуҳрат Исматуллоев” маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.