Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои се вазорат санги асос гузошт

Имрӯз, 13-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, шаҳрдори Душанбе дар пойтахт ба сохтмони бинои Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав санги асос гузоштанд. Вазорати фарҳанг соли 2026 соҳиби бинои нав мешавад Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 […]

Имрӯз, 13-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, шаҳрдори Душанбе дар пойтахт ба сохтмони бинои Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав санги асос гузоштанд.

Вазорати фарҳанг соли 2026 соҳиби бинои нав мешавад

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна, 80 ҳуҷраи корӣ ва таҳхона иборат аст. Он бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ бунёд мешавад.

“Тибқи лоиҳа дар ошёнаи якуми иншоот маҷлисгоҳи калон ба 500 ҷойи нишаст, толори хурд ба 180 ҷой, ошхона барои 150 нафар, ҳуҷраҳои корӣ ва нуқтаҳои ёрирасон ҷойгир хоҳад шуд”, – менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки он дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, масоҳати умумии қитъаи заминаш 7 ҳазору 712 ва зери сохтмон 3 ҳазору 644 метри мураббаъро ташкил менамояд.

Фармоишгари иншоот “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президент ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби ҳаёт” мебошанд.

 

Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Вазорати фарҳанг ба масъулин супориш дадааст, ки дар муҳлати 2 сол он пурра сохта шавад.

Зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм ба як бино меоянд

Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дар ноҳияи Шоҳмансур барои сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон санги асос  гузоштаанд. Бинои нав дар наздикии бинои пешини вазорат (наздикии бозори собиқи "Зелённий") ҷойгир ат.

Бинои асосии вазорат аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, лоиҳа бо дарназардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ омода гардидааст. Тибқи лоиҳа иншоот дорои бинои алоҳидаи дуошёна буда, дар он ошхона бо 420 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳи барҳаво бо 640 ҷойи нишаст бунёд хоҳад ёфт.

Дар ин бино зерсохторҳои ниҳоди мазкур низ ҷойгир хоҳанд шуд. Аз ҷумла, пас аз анҷоми сохтмон дар таҳхонаи бино маркази чопи нашрияҳо, ҳуҷраҳои техникӣ ва ёрирасон ҷойгир карда мешаванд.

Тибқи супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин бино давоми 3 сол пурра сохта мешавад.

Сохтмони бинои  Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҷои бинои Иттифоқҳои касаба

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансур санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншоот шинос шудаанд. Ин бино дар ҷои бинои собиқи Иттифоқҳои касаби Тоҷикистон сохта мешавад.

Ба иттилои хадамоти матбуот, бинои нави Вазорат аз 16 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 14 маҷлисгоҳ, толори барҳаво бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона барои 200 нафар мебошад.

Бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар майдони 65 садяк давоми 2 сол сохта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.