Директори почтаи Ваҳдат зиёда аз 160 ҳазор сомонӣ пули давлатро азхуд кардааст

Дар сохтори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдати ҳолати дуздии пули давлат ба маблағи зиёда аз 160,9 ҳазор сомонӣ ошкор шуд. Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, дар муддати 4 сол Маркази алоқаи “Почтаи шаҳри Ваҳдат” пулакӣ муассисаҳои давлатиро бо рӯзномаву нашрияҳои таъмин карда, аммо […]

Asia-Plus

Дар сохтори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдати ҳолати дуздии пули давлат ба маблағи зиёда аз 160,9 ҳазор сомонӣ ошкор шуд. Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар муддати 4 сол Маркази алоқаи “Почтаи шаҳри Ваҳдат” пулакӣ муассисаҳои давлатиро бо рӯзномаву нашрияҳои таъмин карда, аммо директори ин корхона Тоиров Ҷ.С. пули ҷамъшударо на ба буҷет, балки азхуд мекардааст.

Дар ҷараёни тафишот зиёни расида ба давлат дар ҳаҷми 160 ҳазору 957 сомонӣ пурра барқарор шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст.

“Аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 245, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар бораи азхудкунӣ ё камомад дар ҳаҷми ниҳоят зиёд парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд”, – зикр мешавад дар хабари Агентӣ.

Мувофиқи ин модда ба ӯ ҷарима дар ҳаҷми аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ) ё ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.