Рӯзҳои ҷашни Наврӯз обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Ду рӯзи аввали ҷашни Наврӯз борон меборад, лекин рӯзи шанбе, 23 март боришот дар назар нест. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд. Аз 21 то 22 март дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ боришоти зиёд дар назар аст. Дар ноҳияҳои дар водиҳо ва доманакӯҳ воқеъбуда ҳарорат […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ду рӯзи аввали ҷашни Наврӯз борон меборад, лекин рӯзи шанбе, 23 март боришот дар назар нест. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Аз 21 то 22 март дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ боришоти зиёд дар назар аст.

Дар ноҳияҳои дар водиҳо ва доманакӯҳ воқеъбуда ҳарорат 7-9 дараҷа поин меравад.

“Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии Ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон ҳодисаҳои селфароӣ аз эҳтимол дур нест”, – гуфтанд дар Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, ба сурати умум то 23 март дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ, инчунин роҳҳои мошингарди Душанбе -Чаноқ ва ғарби ВМКБ низ хафви фаромадани тармаҳо вуҷуд дорад.

Душанбе

Дар ду рӯзи аввали ҷашни Наврӯз дар пойтахт обуҳавои тағйирёбанда дар назар буда, борон меборад. Охири ҳафта боришот дар назар нест.

21 март: Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон дар баъзе ҳолатҳо бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 12+14º гарм, рӯзона 15+17º гарм мешавад.

22 март: Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 10+12º гарм, рӯзона 17+19º гарм мешавад.

23 март: Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 9+11º гарм, рӯзона 19+21º гарм мешавад.

Ноҳияҳои тобеи марказ

Рӯзҳои 21-22 март дар минтақа боридани борон, баъзан пуршиддат ва эҳтимол фаромадани туман дар назар аст. Дар ин ду рӯз ҳарорат дар водиҳо 12-17 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Вилояти Хатлон

Дар вилояти Хатлон низ рӯзҳои 21-22 март обуҳавои тағйирёбанда, боридани борон, шабона пуршиддат пешбинӣ шуда, рӯзи 23 март ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад.

Ҳарорат дар ин минтақа рӯзҳои 21-22 март рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.

Вилояти Суғд

Дар вилояти Суғд низ чунин обуҳаво пешбинӣ шуда, рӯзҳои 21-22 март дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф пешгӯӣ мешавад.

Обуҳаво дар водиҳои рӯзона 11-16 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 4-9 дараҷа гарм мешавад.

ВМКБ

Дар сардтарин минтақаи кишвар – ВМКБ рӯзҳои 21-22 март боридани борону барф дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа гарм ва дар шарқи минтақа рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷашни Наврӯз сокинони Тоҷикистон 6 рӯз – аз 21 то 27 март истироҳат мекунанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки бинобар сабаби обуҳавои номусоид чорабиниҳои асосии ҷашни Наврӯз бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахт аз 21 март ба рӯзи якшанбе, 24 март гузаронида шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио