Барои ворид кардан ба рӯйхати хидмати пулакӣ. Боздошти корманди комиссариати ҳарбӣ

Ӯ ҳамроҳи як корманди Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз як шаҳрванд барои  ба рӯйхати даъватшавандагоне, ки хадмати пулакӣ мекунанд, ворид кардан 17 ҳазор сомонӣ талаб карда, зимни гирифтан 9 ҳазор сомонӣ боздошт шудааст. Оҷонсии мубориза бо фасоди кишвар аз ин корманди Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор Каримов Б., сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидорӣ ва аз корманди […]

Asia-Plus

Ӯ ҳамроҳи як корманди Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз як шаҳрванд барои  ба рӯйхати даъватшавандагоне, ки хадмати пулакӣ мекунанд, ворид кардан 17 ҳазор сомонӣ талаб карда, зимни гирифтан 9 ҳазор сомонӣ боздошт шудааст.

Оҷонсии мубориза бо фасоди кишвар аз ин корманди Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор Каримов Б., сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидорӣ ва аз корманди беморхона Салимов Н., бародари шафқат ном бурдааст.

Ин ниҳод мегӯяд, онҳо баъди муроҷиати шаҳрванди Ф. Амиров ду нафарро рӯзи 14-уми март боздошт кардаанд.

“…бо андешидани чораҳои зарурӣ, Салимов Н.С. баъди аз шаҳрванд Амиров Ф.Ҳ. гирифтани маблағи 9000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ў ёфта гирифта шуд”, – гуфтааст Оҷонсӣ.

Ин ниҳод нисбати Каримов Б.З. ва Салимов Н.С. барои қаллобӣ (моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в,г») парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ин банди қонунгузорб 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 72 сомонӣ аст) ё аз ду то панҷ соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Аз ин ниҳод тасдиқ карданд, ки сухан дар бораи рӯйхати даъватшавандаҳое меравад, ки тибқи қонуни нави уҳдадориҳои ҳарбӣ метавонанд, ки бо пардохти маблағ дар як моҳ хидмати ҳарбӣ анҷом диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ 1-уми апрел оғоз шуда, то охири моҳи май идома меёбад. Дар робита ба даъвати имсола аллакай фармони президент ба имзо расид ва омодагиҳо барои ҷалби ҷавонон ха бихдамти ҳарбӣдар стаҳи маҳаллаҳо идома дорад.

Ҳамасола мавсими даъвати ҳарбӣ, ки дар кишвар дар як сол ду маротиба-баҳору тирамҳ сурат мегирад, хабару наворҳое аз сарбозшикор (облава) шудани ҷавонон расонаӣ мегардид. Вале мақомот ин ҳамаро рад мекунанд ва мегӯянд, агар шахс баъди гирифтани даъвататномаи ҳарбӣ ба комимисариат ҳозир нашвад, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ онҳоро маҷбурӣ меоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.