Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба “Крокус” ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд

Рӯзи 27 март дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия шаҳрванди Тоҷикистонро гӯиё барои “сафедкунии терроризм” боздошт карданд. Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 205.2, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, айни замон масъалаи ба ҳабс гирифтани ӯ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. Дар ин бора Раёсати Кумитаи тафтишот дар Санкт-Петербург хабар медиҳад. Бино ба маълумоти Astra, […]

Asia-Plus

Рӯзи 27 март дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия шаҳрванди Тоҷикистонро гӯиё барои “сафедкунии терроризм” боздошт карданд. Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 205.2, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, айни замон масъалаи ба ҳабс гирифтани ӯ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. Дар ин бора Раёсати Кумитаи тафтишот дар Санкт-Петербург хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти Astra, айбдоршаванда Баҳодур Зуҳурови 26-сола аст. Ба ӯ ҷазои то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар навори нашршудаи Кумитаи тафтишот ӯ маъзарат хоста, мегӯяд, ки “ин кор дигар такрор намешавад”.

Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, ӯ дар як замимаи гуфтугӯии шабакаи Телеграм навори ҳамла ба “Крокус”-ро нашр кардааст, ки дар он аломатҳои сафедкунии терроризм дида мешаванд. Маълум нест, ки кадомашро маҳз Зуҳуров нкавиштааст ва воқеъан ҳам ӯ нашр кардааст ё не.

Мувофиқи айбнома тибқи моддаи 205, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Русия, ба ӯ ҷазоиаз 5  то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Қаблан маълум шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон Аҳмад Файзуллохонзодаро аз Русия хориҷ мекунанд. Гӯиё ӯ узви гурӯҳе дар шабакаи Телеграм будааст, ки тариқи он гумонбарони ҳамла ба “Крокус Сити Холл” ба анҷоми амали террористӣ ҷалб шудаанд.

Ӯ ҳамчунин ба маблағи 5 ҳазор рубл ҷарима шуда, ба маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ бурда шудааст. Дар ин бора рӯзи 27 март роҳбари хадамоти матбуоти додгоҳҳои Петербург Даря Лебедева хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, Файзуллохонзода барои нақзи қонунгузории муҳоҷират (қ.2, модд. 18.8 КҲМ ФР) ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Нимаи моҳи январ ӯ ба Русия омада, патенти кор мегирад, лекин худро на аз рӯи суроғаи маҳалли зисти воқеӣ ба қайд мегузорад. Аммо, таъкид мекунад Лебедева, кормандони сохторҳои қудратӣ ба ин кор начандон таваҷҷуҳ доштанд.

“Файзуллохонзода дар Телеграм узви гурӯҳе буд, ки дар он намояндагони созмони террористии ДОИШ шахсонро барои анҷоми амали террористӣ дар Русия ҷалб мекунанд. Афроде, ки рӯзи 22-юми март дар “Крокус Сити Холл” амали террористӣ содир намуданд, ба ҳамин гурӯҳи интернетӣ ба ин кор ҷалб шуда буданд”, – менависад Даря Лебедева.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.