Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд

Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон рӯзи 27 март ҳодисаи нохуш рух дод: духтарчаи 4-сола дар наҳр (канал)-и маҳаллӣ ғарқ шудааст. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, духтарча сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа буда, бар асари аз ҷониби волидон бе назорат гузоштан ҳалок шудааст. Гуфта мешавад, пас аз гирифтани хабар дар бораи ин ҳодисаи нохуш […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон рӯзи 27 март ҳодисаи нохуш рух дод: духтарчаи 4-сола дар наҳр (канал)-и маҳаллӣ ғарқ шудааст.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, духтарча сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа буда, бар асари аз ҷониби волидон бе назорат гузоштан ҳалок шудааст.

Гуфта мешавад, пас аз гирифтани хабар дар бораи ин ҳодисаи нохуш имдодгарон фавран ба ҷустуҷӯи духтарча оғоз мекунанд.

“Рӯзи 28 март дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯ ҷасади духтарча 550 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт ва ба пайвандонаш дода шуд”, – омадааст дар хабар.

Кумита зикр мекунад, ки сабаби аслии дар обҳои кишвар ғарқ шудани кӯдакон бе назорат гузоштани онҳо аз ҷониби волидонашон аст.

Дар ин робита  Кумита ба волидон муроиҷиат намуда, аз онҳо дархост кардааст, ки кӯдаконро доимо зери назорат дошта бошанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, соли гузашта дар дарёву кӯл ва дигар обанборҳои Тоҷикистон 184 нафар ғарқ шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио