Тоҷикистон шумори квотаҳоро ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ то 6,5 ҳазор адад кам кард

Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шумори квотаҳои муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар соли 2024 муқаррар карда шуд. Фармони мазкур дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шуда, гуфта мешавад, он “бо мақсади ташкил ва танзими ҷараёни муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ” қабул шудааст. Дар фармон дастур дода мешавад, ки квотаи муҳоҷирати […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шумори квотаҳои муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар соли 2024 муқаррар карда шуд.

Фармони мазкур дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шуда, гуфта мешавад, он “бо мақсади ташкил ва танзими ҷараёни муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ” қабул шудааст.

Дар фармон дастур дода мешавад, ки квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Тоҷикистон барои соли 2024 бо шумораи 6500 нафар муқаррар карда шавад. Ин нисбат ба квотаҳои соли 2023, ки он низ  бо фармони президент муқаррар шуда буд, 1000 адад камтар аст.

“Шаҳрвандони хориҷие, ки фаъолияти меҳнатиро дар лоиҳаҳои афзалиятнок ва созишномаҳои сармоягузории соҳаҳо дар асоси санадҳои байнидавлатӣ ё байниҳукуматӣ амалӣ менамоянд, ба квотаи мазкур дохил намешаванд”, – шарҳ дода мешавад дар фармон.

Дар замимаҳо ба фармон зикр мегардад, ки 4440 квота (68,3% аз шумори умумӣ) барои шаҳрвандони Чин пешбинӣ шудаанд.

Квотаҳои боқимонда ба шаҳрвандони кишварҳои зерин ҷудо шудаанд:

– Афғонистон – 400;

– Эрон – 350;

– Ҳиндустон – 300;

– Туркия – 200;

– Ӯзбекистон – 150;

– Қазоқистон – 100;

– Покистон – 100;

– Русия – 100;

– Қирғизистон – 50;

Ба дигар кишварҳо – 310.

Тибқи ин фармон, ҳудуди сеяк (2000 квота)-и хориҷиён ба кор дар Душанбе, 900 – дар Ноҳияҳои тобеи марказ, 880 – дар вилояти Суғд, 600 – дар вилояти Хатлон ва 60 – дар ВМКБ ҳуқуқ доранд.

Квотаҳо барои кори хориҷиён дар соҳа ва бахшҳои зерини иқтисоди Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд:

– истеҳсолоти саноатӣ – 2610;

–  сохтмон – 2270;

– тиҷорат – 290;

– кишоварзӣ – 160;

– энергетика – 145;

– маориф – 85;

– геология – 75;

–  хӯроки умумӣ – 70;

– Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва хидматрасонии маишӣ – 65;

– алоқа – 50;

– тандурустӣ – 50;

– нақлиёт – 40;

– варзиш – 25;

– соҳаҳои дигар – 565.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио