Раиси КДАМ Қирғизистон аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳимоят кард

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Қирғизистон Қамчибек Ташиев зимни изҳори назар дар бораи амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар Маскав аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳимоят кард. Ин навиштаи худро ӯ дар саҳифаи Facebook гузошта, ҳамчунин зикр кард, ки Қирғизистон аз ин ҳодиса ва ҳалокати теъдоди зиёди одамон андуҳгин аст. Ба навиштаи Ташиев, […]

Asia-Plus

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Қирғизистон Қамчибек Ташиев зимни изҳори назар дар бораи амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар Маскав аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳимоят кард. Ин навиштаи худро ӯ дар саҳифаи Facebook гузошта, ҳамчунин зикр кард, ки Қирғизистон аз ин ҳодиса ва ҳалокати теъдоди зиёди одамон андуҳгин аст.

Ба навиштаи Ташиев, ки дар ҳодисаи рухдода як миллати мукаммалро гунаҳкор кардан бемавриду ноҷо аст.

«Террористҳо миллат надоранд ва муттаҳам кардани як миллати том дар ҳодисаи рухдода бо пайравӣ аз аъзои созмонҳои террористие, ки ба барангехтани кинаю адовати қавмӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи зидди муҳоҷирон дар Русия манфиатдоранд, мувофиқ нест», – гуфтааст ӯ.

Ба ақидаи Ташиев, шаҳрвандони ҳама гуна давлат метавонистанд зери таъсири ҷалбкунандагон қарор гиранд.

“Ман аз ҷониби худ метавонам поквиҷдонии хадамоти махсуси Тоҷикистонро қатъиян таъкид намоям, муборизаи онҳо бо созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ беист идома дорад. Шаҳрвандони ҳар як давлат метавонанд зери таъсири ҷалбкунандагон қарор гиранд, аммо фармоишгарони ҳамла тасодуфан намояндагони як миллатро интихоб накардаанд, то вазъи муҳоҷиронро дар Русия бадтар кунанд”, – зикр кардааст ӯ.

Ташиев изҳори умедворӣ кардааст, ки талошҳои муштараки хадамоти махсуси кишварҳо "ба татбиқи ҳадафҳои ҷиноятии ба истилоҳ мусулмонони бардурӯғ роҳ нахоҳанд дод".

Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” шоми 22 март рух дод. Ба гумони даст доштан дар ин амал Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия дар бораи боздошти 11 нафар, аз ҷумла 4 каси бевосита иштирокдошта дар ҳамла хабар дод, ки онҳоро то 22 май ба ҳабс гирифтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио