ВКД Русия пешниҳод кард, ки муҳлати будубоши хориҷиён то 90 рӯз дар давоми сол кам карда шавад

ВКД Русия лоиҳаи қонун бо пешниҳодҳоро оид ба сангинтар кардани қонунгузории муҳоҷират ба ҳукумат фиристодааст. Дар ин бора дар шабакаи Телеграм намояндаи Вазорат Ирина Волк хабар додааст, менависад Медиазона. Тавре ки аз номаш бармеояд, қонун вуруд ва хориҷ шудани хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ аз/ба Русияро танзим мекунад. Лоиҳаи қонун ба ҳукумат пешниҳод шуда, лекин дар […]

Asia-Plus

ВКД Русия лоиҳаи қонун бо пешниҳодҳоро оид ба сангинтар кардани қонунгузории муҳоҷират ба ҳукумат фиристодааст. Дар ин бора дар шабакаи Телеграм намояндаи Вазорат Ирина Волк хабар додааст, менависад Медиазона.

Тавре ки аз номаш бармеояд, қонун вуруд ва хориҷ шудани хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ аз/ба Русияро танзим мекунад.

Лоиҳаи қонун ба ҳукумат пешниҳод шуда, лекин дар сомонаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ матнаш ҳоло гузошта нашудааст.

Ба гуфтаи Ирина Волк, дар тағйирот ҷамъоварии маълумоти биометрӣ аз хориҷиён зимни вуруд ба Русия ва кам кардани муҳлати будубоши онҳо то 90 рӯз дар давоми сол пешбинӣ шудааст.

Ҳозир муҳоҷирон метавонанд дар муддати 90 рӯз аз замони гузаштан аз марз ҳузур дошта бошанд, дар сурати имзои шартномаи меҳнатӣ, ин давра метавонад то 1 сол дароз карда шавад.

Қарор дар бораи ихроҷи хориҷиёнро ба ҷуз додгоҳҳо, ҳамчунин “мақомоти ваколатдори федералии ҳокимияти иҷроия бо тартиби ғайрисудӣ ба сифати чораи маҷбурӣ аз ҷониби давлат” содир карда метавонанд. Шояд чунин ваколатҳо ба худи пулис дода шаванд.

Намояндаи ВКД ҳамчунин пайдо шудани "назорати маъмурӣ" аз болои хориҷиён ва "ҳамаи салоҳиятҳои нави [ВКД]-ро дар соҳаи муҳоҷират" муаррифӣ намуд.

Ҳамзамон ВКД пешниҳод кардааст, ки “рӯйхатҳои корфармо ва кормандони хориҷӣ” тартиб дода шуда, барои ҳар кадоме аз хориҷиён “симо (профил)-и рақамӣ” роҳандозӣ шавад.

Дар ин ҳолат ба шахс “ҳуҷҷати ягонаи тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ” дода мешавад, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои қаблан мавҷуда вобаста ба муҳоҷиратро иваз мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио