Вазири корҳои хориҷӣ: “Эҳтимолияти бегуноҳӣ риоя ва муносибати бераҳмона пешгирӣ шавад”

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз, 12 апрел зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар Минск (Беларус) изҳор дошт, ки “ҳангоми тафтиши ҳамлаи террористии 22-юми март дар Маскав мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи қонунгузории худро, бахусус дар мавриди эътимоли бегуноҳӣ, манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмона […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз, 12 апрел зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар Минск (Беларус) изҳор дошт, ки “ҳангоми тафтиши ҳамлаи террористии 22-юми март дар Маскав мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи қонунгузории худро, бахусус дар мавриди эътимоли бегуноҳӣ, манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмона риоя кунанд". Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки “намоиши наворҳои боздошти омилони эҳтимолии амали террористӣ рӯзи 22 март дар Маскав бо истифода аз шиканҷа алайҳи онҳо ғайриқобили қабул аст. Арзиши эътирофе, ки бо ин роҳ ба даст оварда шудаааст, ба ҳама маълум аст”.

“Дар натиҷаи як маъракаи иттилоотии нодуруст нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикон тасаввури манфӣ ташаккул меёбад, ки ба ин роҳ додан лозим нест”, – гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Сироҷиддин Муҳриддин илова намуд, ки “дар фазои иттилоотии кишварҳои ИДМ ташаккули фазои нафрат, бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ нисбат ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ мувофиқи мақсад нест”.

Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон интизор дорад, ки тафтишоти ҳамлаи террористии рӯзи 22 март дар Маскав беғаразона ва одилона сурат мегирад.

"Ҳама бояд ҷазо гиранд: созмондиҳандагон, омилон, шарикон ва фармоишгари ин ҷинояти мудҳиш”, – таъкид дошт Сироҷиддин Муҳриддин.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯро Сироҷиддин Муҳриддин зикр кард, ки Тоҷикистон дар тӯли се даҳсола бо чолишҳои бесобиқаи амниятӣ рӯбарӯ аст.

Ба ақидаи ӯ, зарурати бетаъхир баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Маркази зиддитеррористии ИДМ фаро расидааст.

“Ҳодисаҳое, ки дар Афғонистон рух медиҳанд, натанҳо ба фазои ИДМ таъсир мерасонанд, балки метавонанд ба тағйири тавозуни геополитикии қудратҳо дар тамоми қитъаи Авруосиё боис шаванд”, – таъкид дошт ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио