Расонаҳои Афғонистон: Марзбонони Тоҷикистон 7 афғонистониро ҳангоми убури ғайриқонунии марз ҳадафи тир қарор додаанд

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дастикам 7 шаҳрванди Афғонистонро, ки ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон шудаанд, ҳадафи тир қарор додаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” бо такя ба манобеаш иттилоъ медиҳад Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса шаби сешанбеи 9 апрел дар як нуқтаи марзии Афғонистон ва Тоҷикистон рух додааст. Манобеи рӯзнома таъйид кардаанд, ки ин ҳодиса пас аз убури […]

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дастикам 7 шаҳрванди Афғонистонро, ки ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон шудаанд, ҳадафи тир қарор додаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” бо такя ба манобеаш иттилоъ медиҳад

Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса шаби сешанбеи 9 апрел дар як нуқтаи марзии Афғонистон ва Тоҷикистон рух додааст.

Манобеи рӯзнома таъйид кардаанд, ки ин ҳодиса пас аз убури ғайриқонунии ин афрод аз тариқи рустои марзии Новободи ноҳияи Чоҳ Оби вилояти Тахор ба Тоҷикистон рух додааст.

"Манобеъ дар вилояти Тахор мегӯянд, ки ин афрод бо қочоқи маводи мухаддир машғул буданд", – менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, марзиканҳо сокинони вилоятҳои Тахор ва Бадахшони Афғонистон буда, ҷасади ду нафарашон дар ноҳияи Чоҳ Оби вилояти Тахор ба хок супурда шудаанд.

Ҳувияти афроди фавтида ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Ҷониби Тоҷикистон то ба ҳол хабари мазкурро тасдиқ ё такзиб накардаанд.

Ёдовар мешавем, ки сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки беш аз 1400 км дарозӣ дорад, яке аз масирҳои аслии вуруди маводи мухаддир аст. Ҳар сол марзбонони тоҷик аз даҳҳо ҳолатии убур ё кӯшиши убури ғайриқонунии марз ва пешгирӣ аз ону даргириҳо хабар медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.