Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Озарбойҷон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, як моҳи пас бо сафари давлатӣ ба Озарбойҷон меравад ва ҷараёни сафари ӯ ҳоло баррасӣ шуда истодааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12-уми апрел дар шаҳри Минск бо Ҷейҳун Байрамов, вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон мулоқот анҷом […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, як моҳи пас бо сафари давлатӣ ба Озарбойҷон меравад ва ҷараёни сафари ӯ ҳоло баррасӣ шуда истодааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12-уми апрел дар шаҳри Минск бо Ҷейҳун Байрамов, вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон мулоқот анҷом дод.

Сироҷиддин Муҳриддин дар ин мулоқот масоили омодагӣ ба сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Озарбойҷонро баррасӣ кард.

“Ин сафар дар даҳрӯзаи сеюми моҳи май дар назар аст”, – менависад ВКХ.

Ғайр аз ин, дар ҷараёни ин сафар Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Озарбойҷон, Рӯзҳои синамои тоҷик ва Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор мешаванд.

ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин чорабиниҳо дар даҳаи дуюми моҳи май пешбинӣ шудааст.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Озарбойҷон дар ин бора ҳам табодули назар кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.