Дар орзуи раисӣ? Боздошти ду “соҳибкор” барои истифодаи ғайриқонунии ду ширкат

Ду шаҳрванди Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ истифода бурдани ду Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (ҶДММ) ва рӯйпӯш кардани маблағи андоз ба андозаи қариб 2 млн сомонӣ гумонбар дониста шуда, боздошт гардидаанд. Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Зоиров А.Н. ва Шукуров М.Р. бо мақсади ба таври ғайриқонунӣ истифода намудани ҶДММ «Ганҷи Истиқлол» […]

Asia-Plus

Ду шаҳрванди Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ истифода бурдани ду Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (ҶДММ) ва рӯйпӯш кардани маблағи андоз ба андозаи қариб 2 млн сомонӣ гумонбар дониста шуда, боздошт гардидаанд.

Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Зоиров А.Н. ва Шукуров М.Р. бо мақсади ба таври ғайриқонунӣ истифода намудани ҶДММ «Ганҷи Истиқлол» ва ҶДММ «Солор-2019» дидаву дониста аз он ки ҷамъиятҳои зикршуда ба номи дигар нафарон ба қайд гирифта шудаанд, худро роҳбар ва муассиси ҷамъият гуфта, аз онҳо истифода бурданд.

Гуфта мешавад, ки ин амал бар хилофи талаботҳои Қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аст, вале новобаста аз ин гумонбаршудагон бо ҳамдигар дар ин маврид “маслиҳати пешакӣ” доштаанд.

“Зоиров А.Н. ва Шукуров М.Р. аз моҳи апрели соли 2023 то инҷониб ба воситаи ҷамъиятҳои болозикр аз хориҷи кишвар ба ҳудуди Тоҷикистон ба маблағи 71,5 млн. сомонӣ молу маҳсулоти нафарони гуногунро ворид намуда, аз маблағи умумии молҳои воридгардида аз 3 то 3,5% ҳамчун ҳаққи хидматрасонӣ гирифта, маблағи зикршударо ба эҳтиёҷоти шахсиашон хароҷот намудаанд”, – менависад Агентии зиддифасод.

Ҳамзамон, гумонбарон бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ва саркашӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ зимни истифодаи ғайриқонунии ҶДММ «Ганҷи Истиқлол» ва ҶДММ «Солор-2019» эъломияҳои андози ба мақомоти андоз пешниҳодшавандаро носаҳеҳ тартиб додааст.

“Манбаи андозбандишавандаро ниҳон дошта, бо роҳи пешниҳод намудани эъломияҳои қалбакӣ ба маблағи 1 млн 469 ҳазору 299 сомонӣ ва бо назардошти ҷаримаву фоизҳояш маблағи 1 млн 911 ҳазору 34 сомонӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ саркашӣ карданд”, – менависад манбаъ.

Ҳоло нисбати Зоиров А.Н. ва Шукуров М.Р. бо моддаҳои 260, қисми 2, банди “б” ва 292, қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Назари худи гумонбарон ва вакилони дифои онҳо дастрас нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.