Ҳамлаи Эрон ба Исроил. Тел-Авив Вашингтонро итминон додааст, ки Исроил дар пайи ташдиди таниш бо Теҳрон нест

Date:

Эрон субҳи барвақти 14-уми апрел, бо садҳо ҳавопаймои бесарнишин, мушакҳои болдор ва болистикӣ ба ҳадафҳои Исроил ҳамла кард. Ин нахустин бархӯрди ду кишвар дар 45 соли ахир аст, ки пас аз ҳамлаи ҳавоии Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ, пойтахти Сурия, рух дод.

Гуфта мешавад  Эрон 185 ҳавопаймои бесарнишин, 36 мушаки болдор ва 110 мушаки заминӣ ба Исроил партоб кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Даниел Ҳагарӣ, сухангӯи артиши Исроил, пас аз ин ҳамла гуфт, ки аз ҳудуди 300 ҳавопаймои бесарнишин, мушаки болдор ва баллистикии аз сӯи Эрон ба Исроил партобшуда 99 дарсади онҳо қабл аз расидан ба ҳадаф безарар гардонида шудаанд. Ӯ таъйид кардааст, ки дастикам як пойгоҳи низомӣ дар ҷануби ин кишвар ҳадаф қарор гирифтааст, аммо ба ин марказ хисороти ҷиддӣ ворид нашудааст.

Ба гуфтаи хадамоти изтирории Исроил, танҳо як духтари 10-сола бар асари пораҳои таркиш захмӣ шудааст.

Амир Саид Ирвонӣ, сафир ва намояндаи доимии Эрон дар СММ гуфт, ки ин ҳамла посух ба ҳамлаи мушакии ахири Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ аст, ки бар асари он ду генерал кушта шуд ва ҳамчунин ба банди 51-и Оинномаи СММ дар бораи ҳуқуқи дифоъ аз худ ишора кард.

“Эрон дар пайи густариши низоъ нест, аммо дар сурати таҷовузи низомии Исроил боз ҳам тавонотар ва қатъӣ посух хоҳад дод”, – гуфтааст намояндаи доимии Эрон.

Дар ҳамин ҳол Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ҳамлаи Эрон ба Исроилро маҳкум кард.

Исроил гуфт, ба ҳамлаи Эрон “қатъӣ ва возеҳ” посух хоҳад дод, аммо ҷузъиёте пешниҳод накард.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми баландпояи ҳукумати Амрико гуфтааст, Тел-Авив Вашингтонро итминон додааст, ки Исроил дар пайи ташдиди таниш бо Теҳрон нест.

Ин мақоми амрикоӣ, ки номаш дар гузориш зикр нашудааст, шаби якшанбеи 14 апрел гуфтааст, Исроил танҳо талош дорад аз худ дифоъ кунад.

Аз сӯи дигар мақомҳои аршади Кохи Сафед дар бораи гуфтугӯи телефонии Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ва Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил иттилоъ дода, гуфтаанд, ки Амрико аз вокуниши “шитобкорона”-и Тел-Авив ба ҳамлаи Теҳрон нигарон аст.

Ин мақомҳо шаби якшанбеи 14 апрел таъкид кардаанд, ки Вошингтон намехоҳад пойҳои Амрикоро ба ҷанги густурда бо Эрон кашанд.

Ба иттилои NBC News Байден аз Нетаняҳу хостааст, ки ба посухи мушакии Теҳрон вокуниш нишон надиҳад, зеро Амрико дар “ҳеҷ амалиёти ҳамла алайҳи Эрон” ширкат нахоҳад кард.

Бар асоси ин гузориш, як масъули дафтари Нетаняҳу гуфтааст, ки Исроил қасд дорад бо тамоми шариконаш дар мавриди вокуниш ба ҳамлаи ахири Эрон машварат кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...