Дар Душанбе хатсайри нави автобус роҳандозӣ мешавад

Date:

Дар Душанбе аз 22 апрел хатсайри нави автобус ба роҳ монда мешавад. Тавре ки шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, автобуси №61 аз Терминали Ғарбӣ (Дарвозаи Ҳисор) то Маркази савдои “Ховарон” (7 км) равуо мекунад.

“Автобус дар роҳи мошингарди Душанбе-Ҳисор, тариқи кӯчаву хиёбонҳои А.Навоӣ, Карамов, Н.Ганҷавӣ, И.Сомонӣ, Шероз, Шотемур, М.Турсунзода, Н.Муҳаммад, Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Мастонгулов, Зебуннисо ва С.Айнӣ ҳаракат мекунад”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин шаҳрдории Душанбе ба маълумоти сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз 22 апрел дар нақшаи ҳаракати хатсайри автобуси №41 (Маркази савдои “Кушониён”-Терминали ғарбӣ) тағйирот ворид карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, тағйирот дар қисмате, ки тариқи кӯчаҳои марказӣ ва хиёбонҳои пойтахт мегузарад, сурат мегирад.

“Акнун ҳаракати автобуси №41 тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ, А. Рудакӣ, С. Носирова, Карамов, А. “Навоӣ ва шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор ба роҳ монда мешавад”, – зикр мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, пардохти ҳаққи роҳкиро ғайринақдӣ буда, тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...