Ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон дар Твер ба гумони қайди қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус”

Додгоҳи ноҳияи Москваи шаҳри Твер шаҳрванди Русия ва Тоҷикистонро ба гумони ба қайди қалбакӣ гузоштани ду иштирокчии амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” ба муҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифт. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад. Дар иттилоияи додгоҳ аз айбдоршаванда Ашӯров ном бурда мешавад. Ӯ бо моддаи 322.2 КҶ – қалбакӣ ба қайд гузоштан […]

Asia-Plus

Додгоҳи ноҳияи Москваи шаҳри Твер шаҳрванди Русия ва Тоҷикистонро ба гумони ба қайди қалбакӣ гузоштани ду иштирокчии амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” ба муҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифт. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад.

Дар иттилоияи додгоҳ аз айбдоршаванда Ашӯров ном бурда мешавад. Ӯ бо моддаи 322.2 КҶ – қалбакӣ ба қайд гузоштан дар маҳалли зист айбдор мешавад.

Тибқи фарзияи тафтишот, Ашӯров бародарон – Диловар ва Аминҷон Исломовҳоро ба қайди қалбакӣ гузоштааст. Онҳоро бо он айбдор мекунанд, ки ба ҳамлагарон ба “КрокусСити Холл” манзили зист ва автомобил дода, пулҳои онҳоро интиқол медодаанд.

Ҳар дуро ҳам мутобиқи модда дар бораи амали террористӣ ба ҳабс гирифтанд.

Дар хабари додгоҳ зикр мешавад, ки Ашӯров ба гуноҳи худ пурра иқрор шудааст.

Дар Тоҷикистон хешовандони наздики ӯ зиндагӣ мекунанд, аз ин рӯ, тафтишот барои пинҳон нашудани ӯ, дархост намудааст, ки ба ҳабс гирифта шавад.

Ҷазои ҳадди ниҳоӣ мутобиқи моддаи дахлдор барои ба қайди қалбакӣ гузоштан то 3 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Диловар ва Аминҷон Исломовҳо, инчунин падари онҳо Исроилро рӯзи 25 март пас аз се рӯзи амали террористӣ ба ҳабс гирифтанд. То ин дам 4 иҷрокунандаи асосӣ аллакай дар ҳабс қарор дошта, Исломовҳо тибқи фарзияи тафтишот, ба террористон барои зист кумак расонида, онҳоро бо автомашина таъмин кардаанд.

Бародарон Исломовҳо изҳор доштаанд, ки вақте мошини террористонро, ки мехостанд бо он пинҳон шаванд, мебинанд, худашон ба Кумитаи тафтишот омадаанд. Аминҷон Исломов дар ҷаласаи додгоҳ изҳор дошт, ки гунаҳкор нест. Ҳар се ҳам аз болои қарори ҳабс шикоят бурданд, лекин Додгоҳи шаҳри Маскав онро бетағйир боқӣ гузошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио