Берик Имашев, раиси Комисияи марказии интихоботи Қазоқистон (КМИ) аз мақом барканор шуд. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон дар ин бора рӯзи 25 январ фармон имзо кард.
Вазири пешини адлия ва ёвари президент Берик Имашев моҳи сентябри соли 2016 раиси КМИ таъйин шуда буд. Акнун сенатори пешини Қазоқистон Нурлан Абдиров раиси КМИ таъйин шудааст.
Берик Имашев бо Дариға Назарбоева, духтари калонии президенти пешини Қазоқистон пайвандӣ дорад. Писари Дариға бо духтари Имашев издивоҷ кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.