Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал

Date:

Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ оби Амударё ва Сирдарёро барои мавсими тобистони соли 2024 тақсим карданд. Лекин номаълум боқӣ мемонад, ки баҳри Арали дар ҳоли хушкшавӣ қарордошта чӣ қадар об мегирад.

Дар Қазоқистон ҷаласаи 86-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об доир гардида, кишварҳои Осиёи Марказӣ реҷаи обро барои давраи нашъунамои зироатҳо дар соли 2024 мувофиқа карданд. Дар ин бора сомонаи расмии комиссия хабар медиҳад.

Дар ҷаласа натиҷаҳои истифодаи лимит ва реҷаҳои кори обанборҳо дар давраи нашъунаоми зироатҳо дар солҳои 2023-2024 дар ҳавзаи дарёҳои Сирдарё ва Амударё, ҷараёни корҳои амалисозии вазифаҳое, ки аз нишасти сарони давлатҳои муассиси Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал бармеоянд, рӯзнома ва ҷойи баргузории ҷаласаи навбатии 87-уми Комиссия баррасӣ шуданд.

Тасдиқи лимитҳои обгирии кишварҳо ва реҷаи пешгӯишавандаи кори силсилаи обанборҳо дар давраи нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар соли 2014 дар ҳавзаи дарёҳои Сирдарё ва Амударё аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини ҷаласа маҳсуб меёфтанд.

Дар сомона ҳоло дар бораи чӣ қадар об гирифтан барои обёрии заминҳои кишварҳо ва чӣ ҳаҷм равона шудани об ба баҳри Арал маълумот мавҷуд нест. Мувофиқи лимит, ҳамасола обгирӣ аз ҳавзаи Амударё ҳамагӣ 56 млрд метри мукаабро ташкил медиҳад, ки ҳудуди 40 млрд метри мукааби он ба давраи нашъунамои зироатҳо – аз моҳи апрел то октябр рост меояд.

Тибқи ин созишнома, солҳои пешин Тоҷикистон дар давраи нашъунамои зироатҳо каме бештар аз 6,9 млрд, Ӯзбекистон – 16 млрд ва Туркманистон – 15,5 млрд метри мукааб об мегирифтанд.

Лимити обгирӣ аз ҳавзаи Сирдарё ҳамасола тақрибан 11,9 млрд метри мукаабро ташкил дода, дар давраи нашъунамои зироатҳо аз ин миқдор Тоҷикистон 1,9 млрд, Ӯзбекистон – 8,8 млрд, Қазоқистон – 920 млн, Қирғизистон – 270 млн метри мукааб об дастрас мекарданд.

Масоҳати заминҳо обёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2024:

Ӯзбекистон – 4,3 млн га

Қазоқистон – 2,5 млн га

Туркманистон – 1,9 млн га

Қирғизистон – 1 млн га

Тоҷикистон – 0,68 млн га.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...