Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд

Рӯзи 23 апрел бар асари боришоти пуршиддат дар қаламрави маҳаллаи ба номи И.Файзуллоеви шаҳри Исфараи вилояти Суғд сел омад. Дар натиҷа таҳхонаи 15 манзил ва иншооти ёрирасон қисман зери об монда, 3750 метри кӯчаи маҳалларо қуму лой ва сангпораҳо зер кард. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода айни замон дар ҷойи ҳодиса ба бартараф намудани оқибатҳои сел машғул […]

Asia-Plus

Рӯзи 23 апрел бар асари боришоти пуршиддат дар қаламрави маҳаллаи ба номи И.Файзуллоеви шаҳри Исфараи вилояти Суғд сел омад.

Дар натиҷа таҳхонаи 15 манзил ва иншооти ёрирасон қисман зери об монда, 3750 метри кӯчаи маҳалларо қуму лой ва сангпораҳо зер кард.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулода айни замон дар ҷойи ҳодиса ба бартараф намудани оқибатҳои сел машғул аст. Тавре ки аз КҲФ-и ҷумҳурӣ хабар доданд, талафоти ҷонӣ ва харобиҳои зиёд ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти обуҳавошиносон, боришот дар минтақаҳои гуногуни кишвар то охири ҳафта идома меёбад.

Ғайр аз ин, дар робита ба болоравии ҳарорат ва хеле зуд обшавии барф, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳии вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ омадани селҳо эҳтимол дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.