Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот

Кумитаи тафтишотии Русия ба таҳқиқи наворе оғоз кардааст, ки чанд хонанда як шарикдарси тоҷики худро бо ҳарфҳои бегонаситезона лутукӯб мекунанд. Дар ин бора “Телеграм-канал”-и расмии Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад. Дар гуфта мешавад, ки Александр Бастрикин, роҳбари Кумитаи тафтишотӣ таҳқиқи ҳодисаро шахсан зери назорат  гирифта, аз зердастонаш хостааст, ки дар робита ба ин ҳодиса маълумот […]

Asia-Plus

Кумитаи тафтишотии Русия ба таҳқиқи наворе оғоз кардааст, ки чанд хонанда як шарикдарси тоҷики худро бо ҳарфҳои бегонаситезона лутукӯб мекунанд. Дар ин бора “Телеграм-канал”-и расмии Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад.

Дар гуфта мешавад, ки Александр Бастрикин, роҳбари Кумитаи тафтишотӣ таҳқиқи ҳодисаро шахсан зери назорат  гирифта, аз зердастонаш хостааст, ки дар робита ба ин ҳодиса маълумот пешниҳод кунанд.

Ба иттилои ин раёсат, “дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузориш шудааст, ки дар яке аз муассисаҳои таълимии Санкт-Петербург мактаббачагон як ҳамсолашонро латукӯб кардаанд. Ин амалҳо дар видео сабт шудаанд. Гуфта мешавад, ки омӯзгор дар синфхона буда, барои пешгирии муноқиша сари вақт чора наандешид”.

Дар наворе, ки як ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки  ки ду нафар (писарон) як хонанда (духтар)-ро дар синфхона латукӯб мекунанд. Яке аз онҳо ба пушти духтар бо мушт мезанад, ки дар натиҷа ӯ чанд дақиқа нафасгир мешавад.

Дар миёни онҳо зане дида мешавад, ки ба эҳтимол омӯзгор аст, вале талоши ҷудо кардани хонандагонро надорад. Танҳо як хонанда кӯшиш мекунад, лутукӯбро боздорад, вале бенатиҷа меанҷомад.

Нафаре, ки ҷараёни ҳодисаро ба навор мегирад, ҳарфҳои бегонаситезона мисли "Русия барои русҳост, Москва барои москвагиҳо аст" мезанад.

«Дар он шарҳҳои дағалонаи наврасе, ки наворбардорӣ мекунад, дида мешавад, ки дар пай барангехтани адовати қавмӣ дорад. Навор хело бераҳмона аст. Ман намефаҳмам, ки муаллимон дар куҷо буданд ва чаро онҳо ба полис занг назаданд”, – навиштааст Екатерина Мизулина, директори Лигаи бехатарии Интернет.

Расонаҳои маҳаллии Петербург навиштаанд, ин ҳодиса дар моҳи феврали соли ҷорӣ рух дода, навори он нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Баъд аз ҳодиса дар ҳузури волидони духтар хонандагон аз вай маъзарат хостаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.