“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора

Комилҷон Мирзобадалзода, муовини раиси ноҳияи Шаҳритус, ки ҳамзамон роҳбари комиссияи даъват ба артиш дар ноҳия буд, бо иттиҳоми гирифтани 5 ҳазор сомонӣ пора боздошт шудааст. Дар ин бора Оҷонсии зиддифасоди кишвар хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки ӯ рӯзи 18-уми апрели соли равон дар асоси шикояти шаҳрванд А.С. (ному насабаш гуфта намешавад) ҳангоми гирифтани пора дар […]

Asia-Plus

Комилҷон Мирзобадалзода, муовини раиси ноҳияи Шаҳритус, ки ҳамзамон роҳбари комиссияи даъват ба артиш дар ноҳия буд, бо иттиҳоми гирифтани 5 ҳазор сомонӣ пора боздошт шудааст. Дар ин бора Оҷонсии зиддифасоди кишвар хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки ӯ рӯзи 18-уми апрели соли равон дар асоси шикояти шаҳрванд А.С. (ному насабаш гуфта намешавад) ҳангоми гирифтани пора дар дохили мошинаш дастгир гардида, маблағ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.

Мирзобадалзода барои озод кардани фарзанди А.С. аз хидмати ҳарбӣ 5 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Ин ҷавон ҳоло дар Русия қарор доштааст.

“…дар натиҷаи гузаронидани амалҳои зарурӣ Мирзобадалзода К.М. дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус, Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус, кӯчаи И.Сомонӣ баъди аз шаҳрванд А.С. гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар дохили автомашинааш дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”, – гуфтааст Оҷонсии зидифасод.

Ин ниҳод мегӯяд, бар зидди муовини раиси ноҳияи Шаҳритус ба иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор (қисми 2-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноятӣ) парванда кушода, ӯ ҳоло дар боздошт қарор дорад. Ба ӯ аз 394 ҳазору 200 сомонӣ то қариб 920 ҳазор сомонӣ  ҷарима ё аз се то ҳафт сол зиндон таҳдид мекунад.

Назари нафари боздоштшуда ё вакили дифои ӯ дастрас нест.

Боздошти раиси комиссияи даъват ба артиши ноҳияи Шаҳритус дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон маъракаи даъвати ҳарбии баҳорӣ ҷараён дорад ва то охири моҳи майи соли равон идома мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар гузашта ҳам оид ба боздошти чанде аз кормандони комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва комиссияҳои даъват дар назди ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо барои озод кардани даъватшавандагон аз хидмати ҳарбӣ бар ивази гирифтани пора хабарҳо нашр шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.