Дар Тоҷикистон 25 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд

Дар Тоҷикистон то имрӯз, 29 апрели соли 2024, 25 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ хабар доданд. Бино ба маълумоти Шӯро, соли гузашта собиқадорон 43 нафар буданд, лекин ба иттилои ВАО, теъдоди онҳо 37 нафарро ташкил медод. Соли 2005 теъдоди собиқадорони ҶБВ 9 […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон то имрӯз, 29 апрели соли 2024, 25 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Бино ба маълумоти Шӯро, соли гузашта собиқадорон 43 нафар буданд, лекин ба иттилои ВАО, теъдоди онҳо 37 нафарро ташкил медод.

Соли 2005 теъдоди собиқадорони ҶБВ 9 ҳазору 900 нафар, соли 2020 – 168 нафар, соли 2021 – 98 нафар ва соли 2022 – 59 нафарро ташкил медод.

“Дар зарфи 19 сол 9 ҳазору 875 собиқадор аз олам чашм пӯшиданд”, – хабар доданд дар Шӯро.

Собиқадорон аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон 10 – нафар боқӣ монда, дар вилояти Суғд теъдоди онҳо ба 6 нафар, дар шаҳри Душанбе – 4 нафар ва Ноҳияҳои тобеи марказ – ба 5 нафар баробар аст.

Кӯҳансолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор зиндагӣ, карда имсол 112-сола мешавад – ӯ 9 майи соли 1912 таваллуд шудааст.

Сокини шаҳри Душанбе Ҳалим Ҳайдаров имсол 105-сола ва Азиз Қодиров аз Шаҳринав 102-сола мешаванд.

Сокини пойтахт Мухтор Заргаров имрӯз, 29 апрел расо 100-сола шуда, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Гулмурод Тағоев рӯзи 1 май 100-солагиашро ҷашн мегирад.

Ёдрас мекунем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки  дар рӯйхати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон 290 собиқадорони ақибгоҳ қарор доранд.

Ҳар сол рӯзҳои 9 май ва 22 июн Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро қадрдонӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио