Паёмади боришоти шадид дар манотиқи Тоҷикистон

Бар асари боришоти шадиди рӯзи 5 май дар як қатор ноҳияҳои Тоҷикистон селу лойқа фаромаданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони минтақаҳои ҷумҳурӣ сурату наворҳо мегузоранд. Дар онҳо дида мешавад, ки чӣ гуна маҷрои сел хонаву роҳҳоро зер мекунад. Боришоти пуршиддат ба фаромадани селу лойқа дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ боис гардид. Дар яке аз […]

Asia-Plus

Бар асари боришоти шадиди рӯзи 5 май дар як қатор ноҳияҳои Тоҷикистон селу лойқа фаромаданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони минтақаҳои ҷумҳурӣ сурату наворҳо мегузоранд. Дар онҳо дида мешавад, ки чӣ гуна маҷрои сел хонаву роҳҳоро зер мекунад.

Боришоти пуршиддат ба фаромадани селу лойқа дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ боис гардид. Дар яке аз наворҳо маҷрои хеле калони об пулро шикаст.

Боз як пули автомобилгард дар ноҳияи Нуробод вайрон шуд. Ҳаракати нақлиёт тариқи ин пул, ки дар роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор воқеъ аст, комилан баста шуд.

Рӯзи 5 май дар Ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи вилояти Суғд, ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон ва ҳамчунин ноҳияи Дарвоз борони пуршиддат борид.

Дар баъзе ҷойҳо раъду барқ ва жола борид. Масалан, дар ноҳияи Хуросон чунин жола борид.

Дар робита ба боришоти пуршиддат дар дарёҳои Яхсу, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳои доманакӯҳи қаторкӯҳи Ҳисор сатҳи об боло рафт.

Имрӯз, 6 май сарфи назар аз ҳавои офтобӣ, дар аксари ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Кӯлоб, Восеъ, Ёвон ва Хуросон), инчунин ноҳияи Дарвози ВМКБ омадани сел дар назар аст.

Маълумоти дақиқ дар бораи ҳодисаҳои оомадани селро Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пешниҳод мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan — 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.