Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт

Бино ба маълумоти КҲФ Тоҷикистон, тайи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави вилояти Хатлон ду ҳодисаи нохуш рух дода, яктоаш фоҷеабор анҷом ёфт. “Рӯзи 5 май сокини 47-солаи деҳаи Питови ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба дарёи Яхсу афтода, ғарқ шуд. Ҷасади мардро сокинони маҳаллӣ дарёфт намуда, ба хешовандонаш додаанд”, – иттилоъ медиҳад Кумита. Ҳодисаи дигари нохуш дар […]

Asia-Plus

Бино ба маълумоти КҲФ Тоҷикистон, тайи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави вилояти Хатлон ду ҳодисаи нохуш рух дода, яктоаш фоҷеабор анҷом ёфт.

“Рӯзи 5 май сокини 47-солаи деҳаи Питови ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба дарёи Яхсу афтода, ғарқ шуд. Ҷасади мардро сокинони маҳаллӣ дарёфт намуда, ба хешовандонаш додаанд”, – иттилоъ медиҳад Кумита.

Ҳодисаи дигари нохуш дар деҳаи Сиёҳфарқи ҳамин ноҳия рух дода, ҳангоми ҷамъоварии растаниҳои доруворӣ сокини маҳаллӣ ба ҷарӣ афтодааст. Ӯ ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар боисрор аз аҳолӣ даъват мекунад, ки мувофиқи имкон аз сайру саёҳат дар кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғ, гиёҳу растаниҳои доруворӣ, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ варзида, огоҳӣ ва тавсияҳои мақомоти салоҳиятдорро ба инобат гиранд.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти обуҳавошиносон, дар робита ба боришоти пуршиддат дар дарёҳои Яхсу, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳои доманакӯҳи қаторкӯҳи Ҳисор сатҳи об боло рафт.

Имрӯз, 6 май сарфи назар аз ҳавои офтобӣ, дар аксари ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Кӯлоб, Восеъ, Ёвон ва Хуросон), инчунин ноҳияи Дарвози ВМКБ омадани сел дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.