Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом

Дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодом бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда рух дод, ронандаи воситаи нақлиёт ва 2 мусофир ба ҳалокат расиданд. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, соати 20:30 дақиқаи рӯзи 12 май ба шуъбаи навбатдории Кумита хабар расидааст, ки дар қитъаи роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодм дар ҷамоати Лоҳутӣ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодом бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда рух дод, ронандаи воситаи нақлиёт ва 2 мусофир ба ҳалокат расиданд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, соати 20:30 дақиқаи рӯзи 12 май ба шуъбаи навбатдории Кумита хабар расидааст, ки дар қитъаи роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодм дар ҷамоати Лоҳутӣ садамаи нақлиёти марговар рух додааст.

“Вақте ки имдодгарон ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешаванд, маълум мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Avensus», сокини 40-солаи шаҳри Исфара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат меравад ва ба автомашинаи тамғаи «Lexus» бармехӯрад, ки дар натиҷа ронанда ва ду мусофир дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, – зикр мегардад дар хабар.

Гуфта мешавад, имдодгарон ҷасадҳоро аз дохили автомашина берун оварда, ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба ронандагон хотиррасон менамояд, ки зимни ҳаракат қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бахусус реҷаи суръатро қатъиян риоя кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.