Душанбе. 24-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербург таҳти раёсати раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ – Шавкат Саидов хабар дод, дар нишасти дурӯза масоили рушди ҳамкориҳои кишварҳои аъзо аз ҷумла дар соҳоти кишоварзӣ, энергетика ва фарҳанг баррасӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шомиланд. Молдова, Украина ва Арманистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд. Охири моҳи октябри соли ҷорӣ Ӯзбакистон аз ҳайати Иттиход хориҷ гардид. Ба ақидаи Тошканд ташкилоти мазкур камсамар буда, ғолибан вазифаҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро иҷро мекунад.