Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд

Date:

Рӯзи 14-уми майи соли равон нақшаи даъвати баҳории ҳарбӣ дар вилояти Хатлон пеш аз муҳлат 100 фоиз иҷро шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар рӯзи аввали оғози даъвати баҳорӣ масъулони ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросон аз ҷамъбасти он гузориш доданд.

"Давоми моҳи апрел то имрӯз чорабинии даъвати баҳории ҷавонон ба хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар 21 шаҳру навоҳии дигар низ ба пуррагӣ ҷамъбаст карда шуд",- менависад манбаъ.

Таъкид шудааст, ки дар 10 соли охир бори аввал аст, ки иҷрои нақша дар қаламрави вилояти Хатлон пеш аз муҳлат ба итмом мерасад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар ду навбат – баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Аз 1-уми апрели соли равон даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд ва он то 31-уми май идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...