Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафар бо бо даъвати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сурат мегирад. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дипломати воломақоми Чин давоми рӯзҳои 18-19 май дар Тоҷикистон қарор хоҳад дошт. Дар назар аст, ки дар доираи сафар Ван […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафар бо бо даъвати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сурат мегирад. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дипломати воломақоми Чин давоми рӯзҳои 18-19 май дар Тоҷикистон қарор хоҳад дошт.

Дар назар аст, ки дар доираи сафар Ван И бо ҷониби Тоҷикистон масоили таҳким ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад.

Гуфта мешавад, дар доираи сафари расмӣ вазири корҳои хориҷии Чин аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шуда, инчунин мулоқоти ӯ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар рафти сафар Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи солҳои 2024-2025 ба имзо мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.