Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ

Нархи 1 литри он дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 1,26 доллар (13,76 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Аз рӯи арзонии ин навъи сӯзишворӣ то 10 майи соли 2024 Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ зинаи 4-умро ишғол мекунад. Бино ба маълумоти торнамои Globalpetrolprices.com, дар радабандии сӯзишвории дизелӣ (солярка)-и арзон миёни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Туркманистон дар зинаи аввал қарор […]

Нархи 1 литри он дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 1,26 доллар (13,76 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Аз рӯи арзонии ин навъи сӯзишворӣ то 10 майи соли 2024 Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ зинаи 4-умро ишғол мекунад.

Бино ба маълумоти торнамои Globalpetrolprices.com, дар радабандии сӯзишвории дизелӣ (солярка)-и арзон миёни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Туркманистон дар зинаи аввал қарор дошта, зинаҳои баъдиро Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон касб кардаанд.

Байни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) гаронтарин сӯзишвории дизелӣ дар Арманистон ва Украина ба қайд гирифта шудааст.

Давлате, ки дар он сӯзишвории дизелӣ аз ҳама арзон дар ҷаҳон аст, Эрон мебошад, ки дар ин ҷо 1 литри он 0,02 доллар нарх дорад. Сӯзишвории дизелии гаронтарин дар саросари дунё дар Гонконг бо нархи 3,20 доллар барои 1 литр фурӯхта мешавад.

Тибқи маълумоти сомонаи Globalpetrolprices.com, нархи сӯзишвории дизелӣ дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 1,26 доллар (13,76 сомонӣ) барои 1 литрро ташкил медиҳад.

Нархи сӯзишвории дизелӣ дар кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР):

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.