spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Чаро дар фурудгоҳи Хуҷанд пешвозгирандагонро ба дохил роҳ намедиҳанд? Посухи раис

Масъулини Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд гуфтанд, то анҷоми корҳои бозсозӣ наметавонанд нафарони пешвозгирандаву гуселкунандаи мусофиронро ба толори интизорӣ роҳ диҳанд. Ҳамчунин раҳбарии фурудгоҳ пандемияи коронавирусро  далели дигар баро ба дохили бинои фурудгоҳ роҳ надодани ин қишр медонад. 

Ин дар ҳолест, ки чанд моҳи охир пайвандони мусофирон аз он шикоят доранд, ки масъулин иҷозаи вуруд ба толори интизориро намедиҳанд ва соатҳо дар ҳавои сард зери дари даромадгоҳ меистанд.

Қурбони Алимардон, директори Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар нишасти хабарӣ гуфт, толор хурд аст ва аз чор марҳилаи корҳои сохтмонӣ танҳо яктояш ба анҷом расид. Вай гуфт, бинои фурудгоҳ 90 метри дигар васеътар шуда ба пеш меравад ва дар сурати анҷоми ин бозсозӣ, имкони қабули ҳамаи мусофирон ба дохили фурудгоҳ пайдо мешавад.  

 “Мо ҳам мехоҳем, ки мардум тар нашаванд, хунуку шамол нахуранд, даромада дар ин ҷо шинанд. Лекин ҳоло шароити парвози бехатар ва ҷавобгӯй ба санитарӣ надорем. Оянда мешавад, ҳоло мо корҳоро тамом накардаем, 10-15%-и дигар монд”.-гуфт, Қурбони Алимардон.

Юсуф Маюсуфов, сухангӯи Фурудгоҳи шаҳри Хуҷан,д сабаби дигари роҳ надодани пайвандони мусофирон ба толори интизориро ба бемории ҳамагир рабт дод, ки ҳоло низ чораҳои эҳтиётӣ аз миён бардошта нашудааст.

“Бубинед ҳама бо маска кор мекунад ва масофаро рияо мекунанд. Ҳоло ягон талаботҳои санитарӣ барҳам дода нашудааст ва ин дар фурудгоҳҳои тамоми дунё ҷорӣ аст, аз ҷумла дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон ҳам амал мекунад”      

Рӯзи 14-уми феврал роҳбарияти Фурудгоҳи Хуҷанд дар ҳоле рӯзноманигоронро бо корҳои анҷомёфта ва ободкориҳо дар фурудгоҳ ошно мекард,  ки даҳҳо нафар пушти тирезаҳои бино дар ҳавои сард ё зери дари даромадгоҳи фурудгоҳ мунтазири қабулу гуселииназдиконашон буданд. Ҳаво боронӣ буд ва чанд тан аз пайвандони мусофирон аз роҳ наёфтан ба толори интизорӣ нигарон буданд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ашӯр Соқиев, як сокини шаҳри Панҷакент, ки барои гусели хонаводааш ба фурудгоҳи Хуҷанд омада буд, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “ман вақте хостам ба толор дароям намонданд, иҷозат нест гуфтанд. Ҳаво хунуку борон меборад, пирону занону кӯдакон ҳам ҳастанд, ин корашон дуруст нест”.

Масъулин аз корҳои сохтмонии анҷомёфтаи чанд соли ахир ситоиш карда мегӯянд, зина ба зина тарзи хидматрасонӣ беҳтар мешавад.

Қурбони Алимардон, директори Фурудгоҳи Хуҷанд замоне, ки толорҳои фурудгоҳро нишон медод гуфт, “соли 2016-ро бинед дар кадом ҳолат буду имрӯз дар кадом ҳолат”. Вай мегӯяд, дар сурати анҷоми корҳои бозсозӣ дар як соат метавонанд 400-500 нафарро қабулу гусел кунанд.

Аммо аз он чи, дар дохил мушоҳида мешуд дар даруни толори интизорӣ курсиҳои зиёд гузошта шудабуд, ки барои даҳҳо нафар ҷой мавҷуд буд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ беруни дар мондани пайвандони мусофирон дар Фурудгоҳи Хуҷандро танқид карда гуфтаанд, “Фурудгоҳи Хуҷанд хушрӯй, лекин даромадан иҷозат намедиҳанд, халқ дар бурун дар азоб!”

Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд ягона фурудгоҳи байналмилалӣ дар шимолии Тоҷикистон аст, ки соли 1954 сохта шуда, то чанд соли пеш бозсозӣ нашуда буд. Масъулин мегӯянд, ба далели пандемия ва коҳиши парвози ҳавопаймоҳо соли 2020 ин фурудгоҳ хисороти зиёд дидааст ва аз соли 2021 то ҷойе вазъи молии фурудгоҳ рӯ ба беҳбуд овард.

Соли гузаштадар ин фурудгоҳ 9 ширкати хориҷӣ ва як ширкати ватанӣ тариқи 1603 парвоз 373 ҳазору 699 нафар мусофирро ҳамлу нақл кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...