Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?

Дар Тоҷикистон барои баргузории аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол омода мешаванд. Тибқи иттилои аз мақомоти кишвар дастрасгирда, 25-уми май дар шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи кишвар фестивали футбол баргузор мегардад. Дар чорабинии асосӣ, ки дар майдони “Истиқлол ва Озодӣ” баргузор мешавад, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок мекунад. Рӯзи ҷаҳонии футбол тибқи […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон барои баргузории аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол омода мешаванд. Тибқи иттилои аз мақомоти кишвар дастрасгирда, 25-уми май дар шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи кишвар фестивали футбол баргузор мегардад. Дар чорабинии асосӣ, ки дар майдони “Истиқлол ва Озодӣ” баргузор мешавад, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок мекунад.

Рӯзи ҷаҳонии футбол тибқи нақшаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тарҳрезӣ ва таҷлил мегардад.

Аз ФФТ ба “Азия – Плюс” гуфтанд, дар Душанбе чорабинии асосӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Дар он 600 нафар кӯдакону наврасони аз 5 то 15-сола иштирок мекунанд.

“Дар варзишгоҳи марказӣ бо ҳузури Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва президенти ФФТ ва иштироки наздики 20 ҳазор нафар намоиши футбол баргузор мегардад ва он аз соати 9‑и субҳ то 10 давом мекунад”, – иброз намуданд аз ФФТ.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин дар майдони “Истиқлол ва Озодӣ” рӯзҳои 25‑26-уми май аз соати 16 то 22 чорабинӣ бахшида ба рӯзи футбол баргузор мешавад, ки тамошобинонро вохурӣ бо беҳтарин бозингарони кишвар, ҳунарнамоии ситораҳои эстрадаи тоҷик ва дигар чеҳраҳои шинохта интизор аст.

Дар умум, дар 12 шаҳру ноҳияҳо, аҳ ҷумла, Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт фестивали футбол баргузор мешавад, ки дар онҳо 5 ҳазор кӯдак иштирок менамоянд. 

Ба таъкиди масъулин, ин чорабиниҳо ба хотири таваҷҷуҳи  бештари наврасон ба футбол баргузор мегардад ва дар пайи он, аз байни иштирокчиён дар шаҳру ноҳияҳо беҳтаринҳо интихоб шуда ба машқу тамрини футбол ҷалб мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бори нахуст, моҳи феврали соли равон Рустам Эмомалӣ, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба СММ пешниҳод кард, нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ расман 25‑уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад. Рӯзи 7-уми май Ассамблеяи генералии СММ бо қабули қатънома, ин пешниҳодро пазируфт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.