Аввалин гурӯҳи зойирини Тоҷикистон ба ҳаҷ рафтанд

Гурӯҳи аввалини зойирини тоҷик рӯзи 25 май ба адои маросими ҳаҷ рафтанд. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳи иборат аз 165 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ тариқи ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ба Ҷидда раҳсипор шуданд. Дар фурудгоҳи Душанбе гурӯҳи зойиринро раиси Кумитаи дин, […]

Asia-Plus

Гурӯҳи аввалини зойирини тоҷик рӯзи 25 май ба адои маросими ҳаҷ рафтанд. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳи иборат аз 165 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ тариқи ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ба Ҷидда раҳсипор шуданд.

Дар фурудгоҳи Душанбе гурӯҳи зойиринро раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ Сулаймон Давлатзода ва сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон гусел карданд.

Ёдрас мекунем, ки барои адои маносики ҳаҷи фарзӣ дар соли 2024 Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард.

Дар соли 2024 зойирини тоҷик барои адои маросими ҳаҷи фарзӣ нисбат ба соли 2023 камтар маблағ пардохт мекунанд. Арзиши он соли гузашта 59 ҳазор сомонӣ ва соли 2022 – 61 ҳазор сомониро ташкил дода, имсол ба 57 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Ба ҳаҷ фиристодани зойирин танҳо тавассути муассисаҳои ваколатдори давлатӣ сурат гирифта, ҳеҷ кас ё ҳеҷ яке аз ширкатҳои сайёҳӣ барои ташкил ва таъмини шароит барои будубоши зойирин ҳуқуқ надорад.

Мувофиқи тартиби нав, мақомоти Арабистони Саудӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва сокинони кишварро дар бораи муҷозоти имконпазир барои иштироки ғайриқонунӣ дар мавсими Ҳаҷ-2024 огоҳ карданд.

Аз ҷумла, шахсоне, ки барои маросими адои ҳаҷ иҷоза надоранд, метавонанд ба муҳлати аз 2 то 6 моҳ ҳукми зиндон гиранд ва то 50 ҳазор риёл (зиёда аз 13,3 ҳазор доллар) ҷарима шаванд.

Ҳамчунин шаҳрвандони хориҷие, ки дар робита ба ин амал боздошт мешаванд, мавриди ихроҷ қарор гирифта, вурудашон ба кишвар ба муҳлати 10 сол манъ карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.