Ҳосил каму нархҳо баланд. Дар Тоҷикистон имсол ҳосили гелос хеле кам аст

Бар асари боришоти зиёд ва намнокии баланд ҳосили гелос имсол начандон зиёд аст. Бинобар ин нархаш ҳам имсол баландтар аст. Агар соли гузашта дар ин вақт бо 7-12 сомонӣ метавонистӣ 1 кило гелос хариду аз шаҳди он лаззат бурд, пас имсол дар минтақаҳо он аз 12 сомонӣ ва дар пойтахт то 30 сомонӣ нарх дорад. […]

Бар асари боришоти зиёд ва намнокии баланд ҳосили гелос имсол начандон зиёд аст. Бинобар ин нархаш ҳам имсол баландтар аст. Агар соли гузашта дар ин вақт бо 7-12 сомонӣ метавонистӣ 1 кило гелос хариду аз шаҳди он лаззат бурд, пас имсол дар минтақаҳо он аз 12 сомонӣ ва дар пойтахт то 30 сомонӣ нарх дорад.

Дар оғози гулкунии он шодии боғбонон ҳадду канор надошт – ҳамаи ҳолатҳо аз ҳосили хуб гувоҳӣ медоданд. Аммо боронҳои пайдарпай дар моҳи май ба ҳосил зарар расонида, бо сабаби намнокии баланд меваҳо ба пӯсидан ва рехтан шурӯъ карданд. Аз ин рӯ, ҳосили имсола хеле кам мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳамасола тақрибан 15 ҳазор тонна ҳосили гелос гирифта мешавад. Қисме аз он ба хориҷа интиқол меёбад. Аммо қисми зиёди он дар дохили кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.

Қобили зикр аст, ки содироти гелос бо сабабҳои гуногун, аз қабили хароҷоти зиёди нақлиёт, мушкилоти зудтар ба бозори кишварҳои хориҷӣ расонидани ҳосили тару тоза ва ғайра начандон зиёд аст. Бинобар ин, гелос асосан дар бозори дохилӣ фурӯхта мешавад.

Парвариши гелос яке аз роҳҳои таъмини рӯзгор

Ба ҷуз фермерҳо, аҳолӣ дар назди қитъаҳои наздиҳавлигии худ дарахтони гелос парвариш мекунанд ва барои бисёре аз одамон он яке аз сарчашмаҳои таъмини рӯзгори оила аст.

Гелоси хуштаъму ширин дар Тоҷикистон асосан дар минтақаҳои водии Вахш ва Ҳисор парвариш карда мешаванд. Дар ҷумҳурӣ навъҳои тез ва дерпаз кам буда, аксарият навъҳои миёнапаз, аз ҷумла “Валовая” ва “Негритянка”-ро интихоб мекунанд.

Бештар навъҳои меваашон калони «Лолагӣ», «Наполеон чёрный, «Наполеон розовый», «Драгана жёлтая», «Кардинал» ва ғайра маъмуланд.

Айни замон навъҳои сермаҳсул (интенсивӣ)-и гелос пайдо шудаанд, ки аллакай дар соли 2-юми шинонидан ҳосил медиҳанд.

Вобаста аз замин, нақшаи шинондани дарахтон низ фарқ мекунад. Одатан, боғзорҳои гелос нақшаи 5х5 доранд ва дар як гектар расо 400 дарахт шинонида мешавад. Гелос баъди 4-5 соли шинонидан мева медиҳад.

"Агар парваришу нигоҳубини хуб бошаду инчунин обуҳаво мусоид ояд, дар як мавсим аз ҳар гектар 10-15 тонна меваи гелос ҷамъоварӣ кардан мумкин аст", – мегӯяд деҳқон Абдулло Нуралиев.

Мушкилоти маъмули дарахти гелос бемориҳои пӯсида, доғ ва гиреҳро дар бар мегиранд. Дарахтон инчунин метавонанд бадкорӣ, саратон ва заҳри хока гиранд.

Боғдорон мегӯянд, дар фурӯши гелос ҳеҷ мушкилие пеш намеояд. Харидорони яклухт худашон омада, дар ҷамъоварии ҳосил ёрӣ мерасонанд ва онро дар қуттиҳо ҷой мекунанд.

Ба муҳлати дароз нигоҳ доштани меваи гелос мушкилиҳо дорад, зеро дар ҷумҳурӣ анборҳо бо сардхонаҳо хеле каманд. Аз ин рӯ, боғдорон кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи зудтар ҳосилро ҷамъоварӣ кунанд, зеро баъдан он метавонад вайрон ё сифаташ бад шавад.

Боғдорон аз ҳосили гелос даромади хуб мегиранд. Бинобар ин, ахиран фермерҳо кӯшиш доранд, ки майдони боғҳои гелосро зиёд кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.