Давлаталӣ Саид: Барои бунёди корхона ба як ширкати чинӣ замин ҷудо кунед

Date:

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба масъулини вилоят дастур додааст, ки ба як ширкати чинӣ барои бунёди корхона замин ҷудо кунанд. Ин корхона ба коркарди пӯсту пашм машғул хоҳад буд.

Дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки зимни мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари ширкати чинии “Фусин Синйида” Гао Ҷонг Тао бунёди корхонаи пӯсту пашм баррасӣ гардид.

Давлаталӣ Саид таъкид кардааст, ки муносибатҳои тиҷоратии вилоят бо ширкатҳои чинӣ сол аз сол рушд ёфта, қариб ҳама самтҳои иқтисодро фаро гирифтаанд.

“Тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷии мост ва мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем. Рушди ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонем”, – гуфтааст раиси вилоят.

Гао Джонг Тао гуфтааст, ки ширкати онҳо дар самти коркарди пусту паш ва гармхонаҳо таҷрибаи бой дорад ва тасмим гирифтаанд, ки дар вилояти Хатлон як корхонаи коркарди пӯсту пашм ва гармхонаҳо созанд. Ӯ хоҳиш кардааст, ки барои бунёди корхона замин ҷудо кунанд.

Давлаталӣ Саид ба зердастони худ дастур додааст, ки барои интихоб ва ҷудо кардани қитъаи замин мусоидат кунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки танҳо дар соли 2023 дар вилоят 1 миллиону 140 ҳазору 300 дона пӯсти чорвои калону майда ва 5 ҳазору 970 тонна пашм истеҳсол шудааст.

“Мутаасифона, ҳамагӣ 4,3 ҳазор дона пӯст (0,4%) ва 70 тонна пашм (1,2%)  коркард шудаасту халос. Агар Шумо чунин як корхонаро фаъол кунед, вилоят имкон дорад, ки онро бо ашёи хом таъмин кунад”, – гуфтааст раиси вилоят.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳамасола бинобар сабаби набудани корхонаи коркарди пусту пашм қисми зиёди маҳсулоти хом нобуд мешуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...