Матвиенко муовини сарвазири Тоҷикистонро ба Форуми авруосиёии занон ба Петербург даъват кард

Сафири Русия дар Тоҷикистон Семен Григорев дар вохӯрӣ бо муовини сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ паёми раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенкоро ба ӯ расонид, ки дар он Мансурӣ барои иштирок дар Форуми авруосиёии занон дар Санкт-Петербург даъват мешавад. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад. Ин вохӯрӣ рӯзи 27 май дар Душанбе баргузор шуд. Ҷонибҳо масоили рушди […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сафири Русия дар Тоҷикистон Семен Григорев дар вохӯрӣ бо муовини сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ паёми раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенкоро ба ӯ расонид, ки дар он Мансурӣ барои иштирок дар Форуми авруосиёии занон дар Санкт-Петербург даъват мешавад. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

Ин вохӯрӣ рӯзи 27 май дар Душанбе баргузор шуд. Ҷонибҳо масоили рушди ҳамкорӣ байни Русия ва Тоҷикистонро дар соҳаҳои маорифу фарҳанг, инчунин татбиқи созишномаи байниҳукуматиро дар бораи сохтмони бинои нави Театри давлатии русии ба номи Владимир Маяковский дар Душанбе баррасӣ карданд.

Созишномаи мазкур 18 декабри соли 2023 дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии кишварҳо бо иштироки муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба имзо расида буд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ ин санадҳо аз ҷониби парлумони Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки бинои кӯҳнаи Театри ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе соли 2016 тахриб шуд.

Форуми авруосиёии занон таҳти сарпарастии Шӯрои Федератсия дар се сол як маротиба баргузор мешавад. Имсол баргузории он рӯзҳои 18-20 сентябр дар Санкт-Петербург ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин чорабинӣ ҷаласаи “бистгонаи занон” ва аввалин форуми занони кишварҳим узви БРИКС (давлатҳои узв – Русия, Чин, Бразилия, Ҳиндустон, Африқои Ҷанубӣ) доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Дилрабо Мансурӣ ба ТОП-40 (40-гонаи беҳтарин)-и “Занони роҳбари Осиёи Марказӣ” шомил шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио