Бар зидди писари раиси бозори Ёвон парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҷузъиёти кордзании хонандагон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари кордзании хонандагон дар ноҳияи Ёвонро тасдиқ кард ва гуфт, ки алайҳи хонандаи муттаҳам ба кордкашида парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст. Ба иттилои расонаҳо, хонандае, ки бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, писари раиси Бозори марказии Ёвон аст ва хонандаи ҷабрдида писари муҳосиби пешини ин бозор мебошад. ВКД хабар дод, ки зуҳри […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари кордзании хонандагон дар ноҳияи Ёвонро тасдиқ кард ва гуфт, ки алайҳи хонандаи муттаҳам ба кордкашида парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст. Ба иттилои расонаҳо, хонандае, ки бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, писари раиси Бозори марказии Ёвон аст ва хонандаи ҷабрдида писари муҳосиби пешини ин бозор мебошад.

ВКД хабар дод, ки зуҳри рӯзи 25-уми май хонандаи мактаби №1-и ноҳияи Ёвон, ноболиғ Х.М. бо 3 нафар ҳамсинфонаш дар назди бинои мактаби №75 бо нобилиғи дигар Ш.Ш. бо сабабҳои ночиз муноқишаи лафзӣ кардааст.

Ҳамаи хонандагон 15-сола ва сокинони ноҳияи Ёвон мебошанд.

“Ноболиғ Х.М. аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо корди хоҷагӣ ба бадани Ш.Ш. 4 маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, – навишт ВКД.

Маълум нест, ки хонанда дар назди мактаб кордро чӣ гуна пайдо кардааст: он корд ҳамроҳаш будааст ва ё на маълум нест. Ғайр аз ин, дар аксҳое, ки расонаӣ шуд, дида мешавад, 6 зарби корд ба шиками хонандаи ҷабрдида расидаанд.

Ҳоло нисбати ноболиғ Х.М. бо аломатҳои моддаи 237, қисми 3, банди “а”-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар дод, ки “ҷабрдида писари муҳосиби собиқи бозор ва ҳамлагар писари раиси бозори марказии ноҳия аст”.

“Хонандае, ки ҷароҳати сахт бардоштааст, аз бахши эҳёгарӣ ба ҳуҷраи умумии беморхонаи ноҳия гузаронида шудааст”, – гуфтааст манбаи расона.

Ин расона навишт, дар пайи ин ҳодиса Гулшан Бобизода, мудири маорифи ноҳияи Ёвонро аз мақомаш барканор кардаанд.

Муноқиша ва кордзанӣ миёни хонанадгони мактаб аз масоили доғ ва нигаронкунанда ба шумор меравад. Ҳамасола ВКД зимни баргузории амалиёти “Корд” аз наврасон корд, дастчӯби оҳанин, “электрошокер” ва дигар олоти хатарнок мусодира мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.