Дар Душанбе 500 нафар дорои бемории катарактаро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд

Дар “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм” дар Душанбе мутахассисони чинӣ бемории катарактаро  ройгон муоина ва ҷарроҳӣ мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар иттилоъ доданд.  Гуфта мешавад, ки ин иқдом дар доираи барномаи “Экспресс саломатӣ: сафари дурахшон”-и Вазорати тандурустии Чин амалӣ мешавад.  Катаракта ин бемориест, ки ба хирашавии […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Дар “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм” дар Душанбе мутахассисони чинӣ бемории катарактаро  ройгон муоина ва ҷарроҳӣ мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар иттилоъ доданд. 

Гуфта мешавад, ки ин иқдом дар доираи барномаи “Экспресс саломатӣ: сафари дурахшон”-и Вазорати тандурустии Чин амалӣ мешавад. 

Катаракта ин бемориест, ки ба хирашавии зуҷоҷаи (линзаи оптикии) дохили чашм оварда мерасонад. 

Имрӯз, 5 июн, дар ин бора ҷонибҳо дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ созишнома имзо намуданд.

Иқдом аз 31 май то 18 июн идома ёфта, дар ин муддат гурӯҳи кории мутахассисони чинӣ – 4 духтур, 3 ҳамшира, муҳандис ва дигар мутахассисон, беморонро ройгон муоина ва ҷарроҳӣ мекунанд. Дар доираи он 500 нафар бемор бояд ҷарроҳӣ шаванд.

Мувофиқи маълумоти вазорат, то имрӯз аллакай зиёда аз 150 нафар аз муоинаи тиббӣ гузашта, наздики 70 нафар ҷарроҳӣ шудаанд. 

Инчунин, баъд аз анҷоми барнома аз ҷониби Чин ба Тоҷикистон таҷҳизот ва маҳсулоти истифодашаванда дар ҳаҷми 1 миллион юан (ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ) ҳамчун кӯмаки башардӯстона тақдим мегардад.

Сокинони  шаҳри Душанбе ва дигар навоҳии кишвар метавонанд то 18 июн ҳамарӯза аз соати 8:00 то 17:00 барои муоинаи ройгон ба “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм” дар Душанбе муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.