Дирӯз, 5-уми июн дар Театри Лоҳутии шаҳри Душанбе ба муносибати 70-солагии Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон таҳти унвони “Парвози ҳунар” шаби эҷодӣ баргузор шуд.
Шаби эҷодӣ инчунин, ба муносибати 50-соли фаъолияти эҷодии ҳунарпеша барномарезӣ шуда, бо ширкати аҳли фарҳангу зиё ва ҳаводорони ҳунар доир гашт.
Маҳфилро Ортиқи Қодир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон оғоз намуда, бо ишора ба номи шаби эҷодӣ – “Парвози ҳунар” гуфт:
То ҳунар парвоз дар кайҳон кунад,
Чархро бар майли худ гардон кунад!
Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанги кишвар аз корнома ва ҳунари Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода ҳарф зад.

Баъд аз ин, филми мустанаде, ки перомуни ҳаёту эҷодиёти Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода таҳия шудааст, манзури ҳозирин гардид.
Ҳунарпеша ин ҷо гуфт, “умр ба тезӣ гузашт ва умрам кай ба 70 расид, бехабар мондам, вале дар ин муддат агар хидмате барои халқам карда бошам – шодам, вагарна – маҳзуну рӯҳафтода”.
Ӯ дар ин муддат беш аз 70 нақш дар театру синамои тоҷик офаридааст ва дар дар ин шаби эҷодӣ гуфт, ки аз роҳи тайкардаи худ ифтихор дорад.
Ҳамзамон, худи ҳунарпеша, ки ҳунар овозхонӣ ҳам дорад, чанд суруд манзури ҳаводоронаш кард. Ғайр аз ин, овозхонҳои шинохтае чун Афзалшоҳ Шодиев, Муҳаррама Шарифова, Исмоил Назрӣ ва Соҳиба Давлатшоева дар маҳфил тарона хонданд.

Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода 28-уми майи соли 1954 дар деҳаи Пошхарви ноҳияи Дарвоз дар хонаводаи хидматчӣ ба дунё омадааст. Ӯро падарбузургу модарбузургаш ба воя расонидаанд.
Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода хатмкардаи факултаи санъати Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон буда, фаъолияти эҷодиро аз Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар Хуҷанд оғоз кардааст.
Мавсуф 4 сол дар ҳамин макони ҳунар таҷриба андӯхта ва дар намоишҳои «Рамаяна» (Шоҳзода), «Ашрофпараст»-и Молйер (Клеонт), «Соҳиби меҳмонхона»-и Карло Голдони (хизматгор), «Хушдоман» (Мурод), «Камоли Хуҷандӣ» (Аловуддин), «Хонашерони майдонғариб» (Ҳодӣ) ва ғайра нақш офаридааст.
Пас аз ин, дар соли 1978 ба Театри Лоҳутӣ даъват шуда, ҳамин тавр, беш аз 45 сол дар саҳнаи “модари театрҳои тоҷик” фаъолияти ҳунариашро пеш бурдааст.
Аввалин нақши Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров дар Театри Лоҳутӣ дар намоишномаи “Ҳамлет” (дар нақши Марсел) буда, ки дар паҳлӯи ҳунарпешаҳои маъруфи театри тоҷик Ҳошим Гадоев (дар нақши Ҳамлет) ва Ато Муҳаммадҷонов (дар нақши Клавдий) ҳунарофарӣ кардааст.
Ғайр аз ин, Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ солҳои гуногун бештар аз 70 нақш офарида, ки ёдмонтаринашон “Ромео ва Ҷулйетта” (Меркутсо), “Шоҳ Лир”-и У. Шекспир (Куран), “Роҳзанҳо”-и Фридрих Шиллер (Расман), “Сухан ва шамшер” (Ромео), “Бахтатро бедор кун”-и Наримон Бақозода (Бахтовар) мебошад.
Шаби эҷодии Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода бо пешниҳоди пораҳо аз намоишномаҳои нақшбозидаи ӯ анҷом ёфт.




