Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук дар Душанбе 1,5 млн сомонӣ медиҳад

Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук бо роҳравҳои резинӣ ва майдонҳои волейбол, баскетбол ва футбол дар Тоҷикистон беш аз 1,5 млн сомонӣ маблағгузорӣ мекунад.  Дар ин бораи саҳифаи Кумитаи милли олимпии кишвар хабар додааст. Ин иншоот дар ҳудуди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов дар доираи барномаи “Олимп Осиё”-и Шӯрои олимпии […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, махсус барои "Asia-Plus"

Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук бо роҳравҳои резинӣ ва майдонҳои волейбол, баскетбол ва футбол дар Тоҷикистон беш аз 1,5 млн сомонӣ маблағгузорӣ мекунад.  Дар ин бораи саҳифаи Кумитаи милли олимпии кишвар хабар додааст.

Ин иншоот дар ҳудуди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов дар доираи барномаи “Олимп Осиё”-и Шӯрои олимпии Осиё барои варзиши сабук сохта мешавад.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки ин масъала дар вохӯрии Раҳмонзода Абдулло, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар бо Ҳусейн Ал-Мусаллам, директори генералии Шӯрои олимпии Осиё, ки рӯзи 5-уми июн дар кишвари Баҳрайн баргузор гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

“Зимни баргузории мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди инфрасохтори соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва қоравӣ, тадбиқи барномаҳои соҳавии Шӯрои олимпии Осиё дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаи варизишро мавриди баррасӣ қарор додаанд”,- хабар медиҳад манбаъ.

Пешниҳоди сохтани иншооти мазкурро Раҳмонзода ба директори генералии Шӯрои олимпии Осиё ироа кардааст ва ҷавоби мусбат гирифтааст.

Маълум нест, ки сохтмони ин майдон кай оғоз мешавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.