Раиси як ҷамоати ноҳияи Ҳамадонӣ барои гирифтани пора дастгир шуд

Раиси ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон Набиев Ҷ.И барои гирифтани 99 ҳазору 500 сомонӣ пора аз шаҳрванд Я.Х. дар утоқи кориаш дастгир шуд, хабар медиҳад, маркази матбуоти Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон. Ба гуфтаи ин ниҳод, Набиев Ҷ.И бо истифода аз ваколати мансабӣ моҳи феврали соли 2024 барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо кардани […]

Шаҳноза Ализода, Asia-Plus

Раиси ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон Набиев Ҷ.И барои гирифтани 99 ҳазору 500 сомонӣ пора аз шаҳрванд Я.Х. дар утоқи кориаш дастгир шуд, хабар медиҳад, маркази матбуоти Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ин ниҳод, Набиев Ҷ.И бо истифода аз ваколати мансабӣ моҳи феврали соли 2024 барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони коргоҳ (сех)-и истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ дар ҳудуди ҳамин ҷамоати шаҳрак аз шаҳрванд Я.Х. маблағи 100 ҳазор сомониро ба сифати пора талаб намудааст. 

“Набиев Ҷ.И. баъди ба сифати пора гирифтани маблағи 99 ҳазору 500 сомонӣ аз шаҳрванд Я.Х. дар утоқи кории худ дастгир гардида, аз ӯ далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”, ‑ омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ ҳоло нисбати Набиев Ҷ.И. бо моддаи 319 қисми 4 банди “г” (гирифтани пора ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ намудан ба додгоҳ равон шудааст.

Дар ин банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 7 то 12 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар Тоҷикистон боздошти раиси ҷамоатҳо бо кирдори порагирӣ ҳодисаи нав набуда, қаблан низ аз ҷониби Оҷонсии зиддифасод дар бораи ришвахории онҳо хабар нашр шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.