Боздошт ва ҳабси шавҳари блогери тоҷик баъди шикояташ оид ба хушунат

Умед Раҳматуллоев, шавҳари Рухшона Раҳматуллоева, блогер ва модели  тоҷик, ки бо тахаллуси “Соффи” дар Инстаграм саҳифа дорад, дар асоси шикояти ҳамсараш боздошт ва 7 шабонарӯз ҳабс шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе рӯзи 13‑уми июн хабар дод. Рухшона Раҳматуллоева рӯзи 12-уми июн дар саҳифааш дар Инстаграм, ки 400 ҳазор обуначӣ дорад, шикоят […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Умед Раҳматуллоев, шавҳари Рухшона Раҳматуллоева, блогер ва модели  тоҷик, ки бо тахаллуси “Соффи” дар Инстаграм саҳифа дорад, дар асоси шикояти ҳамсараш боздошт ва 7 шабонарӯз ҳабс шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе рӯзи 13‑уми июн хабар дод.

Рухшона Раҳматуллоева рӯзи 12-уми июн дар саҳифааш дар Инстаграм, ки 400 ҳазор обуначӣ дорад, шикоят кард, ки шавҳараш ӯро таҳдид ба куштан кардааст ва аз мақомот хост, чораандешӣ кунанд.

Ба иттилои милитсияи пойтахт, Умед Раҳматуллоеви 34‑сола ба хотири вуҷуд доштани “нофаҳмӣ” дар муносибати хонаводагӣ боздошт шудааст".  

“Нисбати шаҳрванд Умед Раҳматуллев протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансур нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шуд”,-омадааст дар хабар.

Мақомот иддаои Рухшона Раҳматуллоева дар бораи хушунату латукӯб ва таҳдид ба куштанро аз ҷониби шавҳараш тасдиқ ё рад накардаанд, танҳо ишора мешавад, ки “дар ҳақиқат муддатест дар муносибатҳои оиладории номбурдагон нофаҳмӣ ҷой доштааст”.

Қаблан, Рухшона Раҳматуллоева рӯзи 12 – уми июн дар саҳифааш навишт, ки дар ҷое пинҳон шудааст, чун шавҳараш ӯро таҳдид ба куштан кардааст.

Инчунин наворе, низ гузошта буд, ки дар он садои  баҳсу ҷангҷоли зану шавҳар шунида мешуд, ва ӯ навишта буд, ки бо сабаби муносибати бади шавҳараш фарзандонаш бемор шудаанд ва ин вазъият ба рӯҳияи онҳо таъсири бад расонидааст.

Мавқеи Умед Раҳматуллоев дар робита ба шкиояти ҳамсараш ва ҷазои маъмурӣ дастрас нест.

Рухшона Раҳматуллоева ва Умед Раҳматуллоев 5 соли пеш оиладор шудаанд ва соҳиби се фарзанд мебошанд.

Шикояти ин блогери тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба вуҷуд овард ва корбарон аз мақомот хостанд, ки қазияро таҳқиқ намояд.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон хушунати хонаводагӣ солҳост вуҷуд дорад ва борҳо аз тарафи созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ азият шудани занон аз тарафи ҳамсаронашон гуфта шудааст.

Ин аз камтарин ҳодисае аст, ки аз ҷониби занон ошкоро расонаӣ ва аз ҷониби мақомот вокуниш карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.